• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ БАҲРИ ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТАҲСИЛОТӢ ОЗИМИ ЧИН ШУДАНД
Возможно, это изображение 11 человек, жаркое в горшочке, фондю и чау-мейн

15-уми декабри соли 2023 гурӯҳи кории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ аз ҷумла муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Д.Ш. ва директори парки технологӣ Сайдалиев Л. ҷиҳати муаррифии имкониятҳои таҳсилии донишгоҳ ба Ҷумҳурии Халқии Чин сафар намуданд.
Гуруҳи кориро намояндагони муассисаҳои чинӣ истиқбол гирифта дар рафти хуроки шом бо ҳам шинос гардиданд.
Дар доираи ин сафар, дар баробари муаррифии донишгоҳ, якчанд вохӯриҳо бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Халқии Чин дар назар мебошад, ки баҳри мустаҳкам намудани робитаҳои байналмилалии донишгоҳ судманд мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки санаи 15-уми июни соли 2023 созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и назди Донишгоҳи омӯзгории Ҷумҳурии Халқии Чин ба имзо расидааст.

Аз натиҷаи сафар хабар илова мешавад...

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj