Хабарҳо |
There are no translations available.
БОЗДИДИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ ВА КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ АЗ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ НОҲИЯ ВОСЕЪ
![]()
шинос шуданд.
Ректори донишгоҳ зимни суҳбат бо кӯдакони ин муассиса изҳор дошт, ки ятимону бепарасторон ва кӯдакони имконияти маҳдуддошта ҳамеша таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошта, нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхории бештар зоҳир мешавад.
Ҳангоми ташриф ва боздид аз ин Мактаб-интернати кӯдакони болаёқат маводҳои ғизоӣ аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, макарон, биринҷ, равған, тухм, орду шакар, сабзавотҳо, мевагиҳо, нӯшокиҳо, гӯшт, анвои шириниҳо, нӯшокиҳои ранга, печениҳо, нон, собун ва хамираи дандоншӯиву маводҳои дорувории ниёзи аввалияи барои кӯдакон ва лавозимоти варзишӣ, тақдим гардид.
Маврид ба зикр аст, ки зимни ташриф ба кӯдакони Мактаб-интернат инчунин хони идона ороста шуда, ҳамагӣ бо таъоми яквақтаинаи ғизоӣ меҳмондорӣ карда шуданд.
|