Хабарҳо |
There are no translations available.
ОМӮЗИШИ НУКТАҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ ТАЛАБОТИ ЗАМОН
![]()
сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.
Сипас, муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои таърих Наҳтулло Айнуллозода сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро қироат намуд, ки дар он оид ба масъалаҳои дигари меҳварии ин ҳуҷҷати ниҳоят муҳим, амсоли таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба сифати таълим, омода намудани мутахассисони соҳибкасб, чопи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ сухан меравад.
Ширкаткунандагон дар мавзуъҳои «Бозтоби масъалаҳои ҳуқуқӣ дар Паём», «Инъикоси масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷавонон дар Паёми Пешвои миллат», «Саҳми Паёми Пешвои миллат дар баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа», «Нақши Паёми Пешвои миллат дар омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ», ва «Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар Паёми Пешвои миллат» табодули назар намуданд.
Дар ҳамоиши илмӣ зикр шуд, ки воқеан Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.
Дар хотима Ифтихорномаҳои вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба донишгоҳ ва устодон дар робита ба ишғоли ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикон” оинаи таърихи миллат», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тақдим гардид.
Ҳамзамон пешниҳод шуд, ки Паёми Президент ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ҳар фарди ҷомеа ба сифати дастури раҳнамунсоз ва ҳидоятгар хизмат намояд ва ҳамагон дар ҳамбастагӣ барои татбиқи амалии нуктахои он ҷадал намоянд.
|