Хабарҳо |
There are no translations available. БАРРАСИИ ИҶРОИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ “БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ”ДАР ДОНИШГОҲ
![]() Дар мавриди иҷрои барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди
![]() Оид ба “Вазъи муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳои равияҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, нашри китобҳои дарсӣ, адабиёти соҳавӣ ва мавҷудияти барномаҳои таълимӣ” роҳбари гурӯҳи корӣ, мудири кафедраи физикаи умумӣ Сафаралӣ Сиёҳаков ҳисоботи муфассал дод. Ҳисобот бо таҳлили ҳамаҷониба бурду бохти озмоишгоҳҳои равияи табиӣ ва риёзиро фарогир буд. Зикр шуд, ки дар аксари факултетҳо ҳанӯз набудани китобҳои дарсӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ҷониби Вазири маориф ва илми Тоҷикистон як лабораторияи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ба факултети биология тақдим шуд, ки барои баргузории дарсҳои амалӣ ва баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамояд.
Дар мавриди “Иҷрои корҳои таълимиву методӣ, мавҷудияти барнома, силлабусҳо ва таъмини адабиёти таълимӣ дар зинаи магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисоси PhD” профессор Абдушукур Ѓаффоров ва дар хусуси “Баррасии раванди таълифи рисолаҳои илмӣ (унвонҷӯён ва докторантон аз рӯи ихтисоси PhD)” роҳбари гурӯҳи корӣ Саида Зайдуллозода ҳисобот дода, пешниҳодҳои судманд ироа доштанд.
Дар маълумотномаи мудири Шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронӣ Раҷаб Ҳакимов аз вазъи номусоиди дарсҳои баъзе омӯзгорони дорои унвон ва дараҷаҳои илмӣ интиқод шуда, ба талаботи дарси муосир ҷавобгӯ набудани онҳо таъкид шуд. Дар ин маврид қарори дахлдор қабул гардид.
Ҳамчунин аз 24 китобу дастур ва васоити таълимии пешниҳодгардида, 22 адади онҳо ба нашр тавсия шуд. Дар хотима раиси Шурои илмӣ- методии донишгоҳ, профессор Дониёр Сангинзод барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия маслиҳатҳои судманд дод. |