Хабарҳо |
There are no translations available. РЕКТОР: ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО АЗ ПАРДОХТИ ШАРТНОМАИ ТАҲСИЛ ОЗОД КАРДА МЕШАВАНД!
![]() Ҳамзамон дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамеша донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳову озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мешаванд, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд ва танҳо дар соли сипаришуда ба ҳамаи иштирокдорони озмунҳо дар умум ба маблағи зиёда аз 300 000 ҳазор сомонӣ мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Инчунин ректори донишгоҳ зикр намуд, ки донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳову озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, агар шартномавӣ бошанд аз пардохти боқимондаи шартномаи таҳсил озод, қабул дар шакли ройгон ба зинаи магистратура, доктор аз рӯи ихтисос Phd ва инчунин бо мукофотҳои пулӣ, аз ҷумла ба нафаре, ки соҳиби ШОҲҶОИЗА мегардад, ба маблағи 20 000 сомонӣ ва нафароне, ки ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро соҳиб мегарданд, ба маблағҳои 10 000, 7000, 5000 сомонӣ ва ба роҳбарони онҳо низ 5000 сомонӣ тақдим карда мешавад. |