Хабарҳо |
There are no translations available. МАФҲУМ ВА УНСУРҲОИ ТАРКИБИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР СЕМИНАРИ ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА
![]() Нахуст декани факултет Зеваршоев Умар семинарро оғоз намуда, роҷеъ ба аҳамияти низоми ҳуқуқӣ дар фаъолияти ҳаррӯзи шаҳрвандон суханронӣ намуда қайд кард, ки маърифати ҳуқуқии мову шумо бояд баланд бошад, вобаста ба эълони соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” моро зарур аст, ки аз
![]() Сипас нақши калидӣ доштани маориф дар рушди соҳаҳои давлатдорӣ ва мафкурасоз будани омӯзгор аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа шуда, иттилоъ доданд, ки пешрафти самтҳои муҳими ҷумҳурӣ аз ҳамин самт маншаъ мегирад ва мо омeзгоронро лозим аст, ки донишҳои замонавиро дар ин самт хуб аз бар намуда барои татбиқи он дар истеҳсолот саҳмгузор бошем.
Сипас, проффесор Сангинзод Дониёр мавзӯи семинариро пурра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, нуқтаҳои муҳимро оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан омӯзгорон ибрози назар намуд. Аз ҷумла таъкид дошт, ки оид ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ бо назардошти ақидаи олимон мафҳумҳои гуногун баён шудаанд. Барои дарки ин мафҳум, яъне маърифати ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ чанде аз ин мафҳумҳоро шароҳу тавзеҳ дод, инчунин мазмуни маърифати ҳуқуқии шахсиро чунин баён намуд: шуури ҳуқуқӣ ва тафаккури ҳуқуқӣ; рафтори ҳуқуқӣ; натиҷаи онҳо. Маърифати ҳуқуқии шахс ба раванди ташаккули услуби рафтори ҳуқуқӣ, ки вобаста ба омилҳои зерин ташаккул меёбад, мусоидат мекунад: дараҷаи азхудкунӣ ва зуҳури арзишҳои маърифати ҳуқуқии ҷомеа; хусусиятҳои фаъолияти касбӣ; нотакрор будани фардияти эҷодиёти шахс маҳсуб мешавад, баён карда шуд. |