Хабарҳо |
There are no translations available. ҚАБУЛИ РЕКТОР:АЗ ДАСТГИРИИ ДОНИШҶӮЁН ТО СУҲБАТ БО ВОЛИДОН!
![]() Маврид ба зикр аст, ки ректори донишгоҳ, пас аз шунидани муроҷиаткунандагон, бо волидони як гурӯҳ донишҷӯёне, ки барои вайрон намудани тартиботи дохилидонишгоҳӣ ва истифодаи бемавриди телефонҳои смартфон ҳангоми дарс, ки ба рафти донишандӯзии дигар
хонандагон халал расонида буданд даъват намуда, дар назди фарзандонашон суҳбат намуд ва онҳоро барои тарбият намудан дар ҳамбастагӣ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзандону бемаврид истифода накардани телефонҳои смартфон ҳангоми дарс ва назорати либосҳои онҳо даъват намуд.
Ҳамзамон ректори донишгоҳ аз волидони донишҷӯён даъват ба амал овард, ки раёсати донишгоҳ баҳри донишҷӯён ройгон курсҳои омӯзишии кафшергарӣ, пазандагӣ, дузандагиро ташкил намудааст, ки метавонанд фарзандонашонро тавсия диҳанд, ки дар ин курсҳо ба таври ройгон таҳсил намуда, соҳиби касбу сертификат шаванд. |