Хабарҳо |
There are no translations available. МАНЪИ ТЕЛЕФОНҲОИ СЕНСОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ!
![]() Новобаста аз он ки истифода бурдани телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим дар асоси як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», манъ карда шудааст, вақтҳои охир назорати иҷрои муқаррароти мазкур ба таври зарурӣ роҳандозӣ нашуда буд.
Аз ин рӯ, тасмими раёсати донишгоҳ дар мавриди манъ намудани истифодаи телефонҳои мобилии сенсории смартфон дар раванди таълим ва дар ҳудуди донишгоҳ аз ҷониби донишҷӯён амали саривақтӣ буда, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассиса мусоидат менамояд.
Ҳамзамон раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз волидайни донишҷӯён даъват ба амал меоварад, ки бидуни телефонҳои мобилии сенсорӣ ба дарс ҳозир шудани фарзандони худро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Дар ин замина, раёсати донишгоҳ омӯзгоронро вазифадор мекунад, ки вобаста ба ҳолатҳои манфӣ ва зараровари истифодаи бемавриди телефонҳои сенсорӣ андешаҳои худро дар шакли мақола пешниҳод намоянд. |