Хабарҳо |
МОДАР ФАРИШТА АСТ
![]() Меҳри беҳамтои ӯ ба мисли офтоби тобон аст, ки тамоми олам нурпошӣ мекунад. Ишқу муҳаббати модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро сарсабзу гул-гул шукуфон мекунад.
Дар ҷамъомад аз нақши занону бонувон дар рушди ҷомеа сухан рафт. Таъкид шуд, ки давлату ҳукумат барои фаъолияти пурсамари занону бонувон шароитҳои мусоид фароҳам овардааст. Имрўз занон дар паҳлуи мардон барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёт босамар заҳмат мекашанд.
Воқеан модар ба ҳайси чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт ва чароғи хонадон пеш аз ҳама барои тарбияи фарзанд масъул мебошад ва бо меҳру муҳаббат, сухани нарму дили гарм фарзандони солимро ба камол мерасонад. Аз паёми сабзу зиндагиафрўзи модарон табиат рангу бўйи тоза дармеёбад, ин олиҳаи зебо ва фариштаи хуҷастафол шаҳомати зиндагиро шукўҳу таровати дилпазир мебахшад. Дуои модарон сарманшаи файзу баракати рўзгори фарзандон ва гарави амалӣ шудани орзуву омоли ниёзмандон аст.
Барномаи рангини ҳунарӣ, саҳначаҳои фарогири хислатҳои ҳамидаи модарон ва шеърхонии устодон ба ҷамъомад шукўҳи тоза зам карданд. |