Хабарҳо |
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО МУАССИСАҲОИ ЧИН
![]() Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо мулоқоту музокирот анҷом дода дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсуси суҳбат оид ба самти сифати таҳсил равона гардида масъалаҳои табодули донишҷӯёну устодон ва кормандонро аз ҳамкориҳои аввалиндараҷа иброз намуданд. Зикр гардид, ки ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар масоили акредитатсияи ихтисосҳо ва донишгоҳҳои ҷониби худ ибрози назар намуда омодагиҳои хешро баён намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ созишномаи ҳамкориро бо Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и Ҷумҳурии Халқии Чин соли 2022 ва бо Донишгоҳи Ҷинан соли 2023 ба имзо расонидааст. |