Хабарҳо |
МУАЛЛИФОНИ КИТОБ ВА ДАСТУРҲОИ ТАЪЛИМӢ БОЯД НАМУНАИ ИБРАТ БОШАНД! ![]() Оид ба «Санҷиши вазъи корҳои илмию методӣ, илмӣ ва сифати тайёр кардани мутахассисон дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ» мудири шуъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ Кенҷанев Ф. маълумот дод. Номбурда натиҷаи санҷиши гурӯҳи кориро ба самъи ҳозирон расонд. Гуфта шуд, ки дар баъзе кафедраҳои умумидонишгоҳӣ вазъи корҳои илмӣ ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Ба мутасаддиёни кафедраҳо ва роҳбарони корҳои илмӣ барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат дода шуд. Аъзои шурои илмӣ- методӣ 21 номгӯй китоб, дастур ва воситаҳои таълимиро баъди баррасии ҳамаҷониба ба нашр тавсия намуданд. Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида ќарорҳои дахлдор ќабул гардид. Дар хотима раиси Шурои илмӣ- методӣ, профессор Сангинзод Дониёр аз муаллифон даъват ба амал овард, ки дар таълифи китоб ва дастурҳои таълимӣ ҷиддӣ ва намунаи ибрат бошанд. |