Хабарҳо |
ТОЗАНАШР:
ХИРАДОИНУ МЕҲРОФАРИН
![]() Бахши «Башорати малоҳат» силсилаи мақолаҳои методии устоди мушфиқу меҳрубонро дар худ ѓунҷонида, ки дилбохтагони рози дониш аз онҳо як ҷаҳон дониш мегиранд ва маъниҳои бикр мечинанд.
«Ҷилои лаҳзаҳо» роҳи паймудаи устоди гавронмояро тавассути аксҳои нодир бозтоб додааст.
Хотиррасон менамоем, ки Ҳотам Саидов аз шумори методистони варзидаи ҷумҳурӣ маҳсуб гардида, ба қалами номбурда китобҳои арзишманди «Практикуми забони тоҷикӣ», «маҷмуаи диктант ва нақли хаттӣ барои синфҳои 5-11», «Маҷмуи мақолаҳои методӣ аз забон ва адабиёти тоҷик» ва г. мансубанд. Номбурда 85 сол дошта, беш аз 60 сол боз ба кори таълиму тарбия шуѓл меварзад.
|