Хабарҳо |
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КАЙҲОНАВАРДОН ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА
![]() Дар семинари мазкур намояндаи Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Ҳомидов Б., мудири шуъбаи такмили ихтисоси донишгоҳ Ширинов М., декани факултети технология ва соҳибкорӣ Абдуҷалилзода Ф. ва муовини декани факултети физика оид ба илм Саломов М. Иштирок намуданд.
Семинаро мудири кафедра н.и.т. Назруллозода А. ифтитоҳ намуда, доир ба рузи кайҳонавардон маълумоти мухтасарро пешниҳод намуданд. Сипас
муаллимони калони кафедра Алишери З., Бобохонова Ш. ва донишҷӯён Ҳасанзода Б ва Ҷалолов С. бо маърузаҳо баромад намуданд.
Дар ҷамбасти семинар муовини декан оид ба корҳои илмӣ Саломов Муҳаммад баромад намуда аз номи садорати факултет тамоми омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо рӯзи кайҳонавардон табрик намуданд. |