Хабарҳо |
There are no translations available. Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд…
Мулоқотҳои Айнӣ бо устодони олами адабу илм Мунзим, Зеҳнӣ, А.Муҳиддинов, Абулқосим Лоҳутӣ, Ғафур Ғулом, Зулфия, Шароф Рашидов, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва ғайраҳо дар ҳамин манзил ба вуқӯъ пайваставу зимни онҳо масоили мубрами адабиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қимати бебаҳо ва арзиши таърихӣ доштани ин маъво дар он аст, ки ин ҷо поягузори адабиёти навини миллатҳои Осиёи Марказӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ зиндагонӣ кардааст. Аз ин рӯ, ин хонаро метавон маъвои бахту саодати миллати тоҷик номид ва он барои ҳар як тоҷики худогоҳ ва ватандӯст азизу муқаддас мебошад. Имрӯз ин манзили умед ба зиёратгоҳи аҳли дил бадал шудааст ва таъмиру таҷдид ва рӯшан намудани чароғи он барои шод намудани рӯҳи устод туҳфаи муносиб ва дастоварди ҷолиб аст. Устод Садриддин Айнӣ аз чеҳраҳои тобноки олами сиёсат, адаб, маърифат ва фарҳанги на танҳо тоҷик, балки Осиёи Марказӣ маҳсуб мегардад. Устод Айнӣ шахсияти оддӣ нест, ӯ намои адабиёту тамаддуни миллати кӯҳанбунёди тоҷик мебошад. Ба андешаи инҷониб, чанд фазилатҳои вижае мавҷуданд, ки ба шахсияти ин бузургмард пайванди ногусастанӣ ва мустаҳкам доранд. Аввалан, Садриддин Айнӣ чун чеҳраи сиёсӣ эҳёгари забон, таърих ва тамаддуни миллати тоҷик дар солҳои 20-ум ва 30-юми қари ХХ буд. Ӯ барои ташаккули миллати тоҷик, ташкили давлати тоҷикон ба муборизаи ҷоннисорона қотеан бархост ва ҳамроҳи ҷонибдоронаш ба он муваффақ гардид, ки дар Осиёи Марказӣ миллате бо унвони тоҷик буруз намояд ва ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо гардад. Дуюм, Айнӣ чун чеҳраи адабиву фарҳангӣ ба назм ва насри реалистии тоҷик ибтидо гузошт. Асарҳои «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Мактаби кӯҳна», «Ёддоштҳо» далолан бар онанд. Қимати адабиву таърихии онҳо дар он зоҳир мешавад, ки ба воқеияти рӯзгори ҷомеа асос ёфтаанд.Чунин асарҳо умри безавол доранд. Сеюм, устод қолаби насру назми анъанавиро шикаст.Мардуми оддии меҳнаткаш, коргару деҳқонро ба сифати образҳои асосии осораш баргузид. Дар тасвирсозиву тасвирпардозӣ дасти боло ва ҳунари воло дошт. Характери қаҳрамонҳо, конфликти персонажҳо, воқеияти тасвирнамудаи осои устод реша ба умқи ҷомеа дорад, онҳо табиианд, мӯйшикофона тасвир шудаанд. Масалан, образи Қориишкамба тимсоли ашхоси судхӯри ҷомеа аст, ки чунин образ фазову вақт надорад, дар ҷомеаи имрӯзаи мо низ даҳҳо нафар қориишкамбаҳо бо роҳҳои мудерн мардумро истисмор менамоянд, бехонумон мегардонанд, ба ин хотир, чунин образҳоро дар ҳама фазову вақт хонанда самимона мепазирад. Назми устод бо балоғати бемисли худ ҷуръат, муроҷиат ба қишри мунавварфикри ҷомеа ва ҷадал барои озодиву бунёди ҷомеаи мутамаддин дорад, масалан: Эй ҷафодидагон, асирон,Вақти озодии мо расид. Муждагонӣ диҳед,эй рафиқон, Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид. Чорум, Айнӣ тавассути офаридаҳояш ба ибрози афкори миллӣ, ки дар ҷомеаи сотсиалистӣ ғайриимкон буд, ибтидо гузошт.Шинохти асли худ, арҷгузорӣ ба осори ниёгон, нишон додани қаҳрамониҳои абармардони миллати тоҷик барои ҳифзи сарзамини аҷдодӣ аз истилогарон, масалан дар симои Темурмалик ба ин мисол шуда метавонад. Панҷум, осори Айнӣ имиҷ ё чеҳраи сиёсии миллати тоҷикро ба хориҷиён муаррифӣ кард. Ҳангоми мутолиаи асарҳои устод, ки ба беш аз 50 забони хориҷӣ тарҷума шудаанд, дорои тамаддуни бостонӣ, соҳибдавлату соҳибмактабу соҳибкитобу соҳибмакон будани миллати тоҷик барои хориҷиён бармало мегардад. Шашум, Айнӣ миллати моро сарҷамъ кард, ба ин миллат шукӯҳу шаҳомат дод, ҷойгоҳи онро дар байни дигар миллатҳои бумии Осиёи Марказӣ ба таври шоиста муайян кард, ҷавониву умри бобаракати худро сарфи миллатсозиву давлатсозӣ барои тоҷикон намуд, тавре худи ӯ мегӯяд: Ин хона зи хишти кӯҳна андохтаам, Бар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам. То аҳли замони мо бидонанд, ки ман, Як умри ҷавонӣ ба чи раҳ бохтаам. Аз ин рӯ, месазад ки барои поягузори адабиёти навини миллатҳои Осиёи Марказӣ, бавижа тоҷик, абармарди ҷодаи сиёсат, сарсупурдаи миллат, ҷӯяндаи роҳи озодӣ, тарғибгари адалат, устоди мунавварфикр, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ пайваста арҷ гузорем, осори гаронмояи ӯро бо дидгоҳи нав мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, нақши мондагори номбурда ва ҳунари адабии ӯро ба риштаи тадқиқ кашем, меросашро бо забонҳои гугогуни дунё тарҷума, осори савтии ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо забонҳои хориҷӣ тарғибу ташвиқ кунем ва барои офаридани имиҷи навини ин абармард дар замони муосир садоқатмандона ва дастаҷамъона ҷадал варзем. Устод Айнӣ бо тамоми маънояш бузург аст, бузургонро ба некӣ ёд меоранд, онҳо намирандаанд...
Саидмуроди Хоҷазод, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи забони тоҷикӣ |