Хабарҳо |
There are no translations available. ҶАЛБИ МАГИСТРОНИ ДОНИШГОҲ БА ОМӮЗИШИ РОЙГОНИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
![]() Дар робита ба ин, бо дастури Ибодуллозода Аҳлиддин - ректори Донишгоҳи
давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва сешанбе барои магистрон аз ҷониби омӯзгорони муассиса дарсҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор мегардад.
Ин тадбир бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ аз ҷониби муҳаққиқони ҷавон амри зарурӣ буда, имкон фароҳам меорад, то кадрҳои забондону бо дониши муосир мусаллаҳ омода гарданд.
Албатта, љиҳати ҳамқадам шудан бо ҷомеаи пешрафта бояд ба масъалаи забономӯзии ҷавонон ва махсусан, донистани забонҳои русӣ ва англисӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Дар ин замина, омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷониби донишҷӯён, магистрантон, докторантон (PhD), омӯзгорон ва кормандони ин даргоҳи илм зери таваҷҷуҳи махсуси раёсати Донишгоҳ қарор дорад. |