Хабарҳо |
БОЗ ДДОТ ДАР МАҚОМИ ИФТИХОРӢ: ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ II НАСИБИ КОРМАНДИ РАЁСАТИ ИЛМИ ДОНИШГОҲ ГАРДИД Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ”, ки ҳамасола 18-уми апрел таҷлил карда мешавад, озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақола дар мавзуи “Ҳифзи мероси таърихӣ – вазифаи ҳар яки мост!” миёни шаҳрвандони касбу кори гуногун эълон гардида буд. Рӯзи 18.04.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи роҳбарону намояндагони осорхонаҳо
Дар натиҷаи баҳогузории комиссияи босалоҳияти озмун мақолаи илмии пешниҳоднамудаи сардори шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ – Кенҷаев Фаридун сазовори ҷойи дуюм гардид.
Мавсуф бо Дипломи дараҷаи II-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобҳо ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.
|