Хабарҳо |
ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ: НАТИҶАИ НАЗАРРАСИ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МУҲАҚҚИҚ ВА ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН”
Имрӯз, 24-уми апрели соли равон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи илми кишвар маросими ҷамъбаст ва қадрдонии иштирокдорони Озмуни Ҷумҳуриявии “МУҲАҚҚИҚ ВА ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН” баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо пешниҳоди корҳои хеш сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, аз ҷумла Олимҷонова Нилуфар, сазовори ҷойи 2 миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонбеков Рауф, сазовори ҷойи ифтихорӣ дониста шуда бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдони карда шуданд. Ҳамзамон ба 3 нафар омӯзгорони донишгоҳ барои фаъолияти назаррас дар омода намудани мутахассисону муҳаққиқон СИПОСНОМАИ вазири Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. |