Хабарҳо |
There are no translations available. “ҶОМИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ” НАСИБИ ДАСТАИ ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА ВА ИНФОРМАТИКА ГАРДИД ![]()
ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ шурӯъ аз 24-уми апрел то санаи 7-майи соли равон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ректори донишгоҳ” дар байни чаҳордаҳ дастаи донишҷӯписарони факултетҳо ташкил ва баргузор гардид. Дастаҳо дар ду гуруҳ байни ҳам рақобат намуда ба даври ниманиҳои баромаданд. Баъди бозиҳои даври ниманиҳои 4-дастаи факултетҳои забонҳои романӣ-германӣ, забони англисӣ ва забонҳои Шарқ, математика ва информатика, таърих ва ҳуқуқ ба даври ниҳоӣ баромаданд. Маврид ба зикр аст, ки барои ҷойи сеюм дастаи факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ бо дастаи факултети таърих ва ҳуқуқ бозӣ анҷом доданд, ки дар охир ҷойи сеюм насиби дастаи факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ гардид.
Барои ба даст овардани “Ҷоми ректори донишгоҳ” имрӯз дар даври ниҳоии ин мусобиқа ду дастаҳои факултети забонҳои романӣ-германӣ бо дастаи факултети математика ва информатика бозӣ намуданд, ки аз бозии ин дуста мухлисони ин риштаи варзишро ба ваҷд оварда аз дидани ин бозӣ ҳаловат бурданд.
Дар охир дастаи факултети математика ва информатика ғолиб ва барандаи “Ҷоми ректори донишгоҳ” дар риштаи футболи хурд гардид.
|