• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲИФЗИ ВАТАН- ҚАРЗИ МУҚАДДАСИ ШАҲРВАНДӢ
Возможно, это изображение 5 человек, помост и текст8-уми майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати гиромидошти хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Ҳифзи Ватан- қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ” бахшида ба 79-мин солгарди ҷашни ғалаба бар фашизм баргузор намуд.
Ҳамоиши мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Дониёр Сангинзод ифтитоҳ намуда, бо сарфарозӣ изҳор дошт, ки зиёда аз 300 ҳазор ҳамватанони мо дар ин ҷанги хонумонсӯз иштирок варзида, зиёда аз 100
ҳазорашон баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Ватани азизамон барнагаштанд ва дар роҳи дифоъ аз душман қаҳрамонона ҷон бохтанд. Ва анқариб 60 нафар дар ин ҷанги беамон бо корнамоиҳои беназири хеш ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ қадр карда шуданд, ки ин боиси ифтихори миллати мо мебошад.
Дар идомаи конфронс дигар олимони донишгоҳ назари хешро роҷеъ ба анҷоми хунинтарин фоҷиаи башарият – Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ғалабаи халқҳои Шӯравӣ бар фашизм, ки 79 сол сипарӣ мешавад ва ин ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла, халқи тоҷик бисёр муқаддасу таърихӣ мебошад, нуктаҳои муҳемеро ёдовар шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар қисмати хотимавии конфронс ба якқатор устодону кормандоне, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ширкат доштанд, бо ифтихорномаҳо, дипломҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар поёни чорабинӣ дастаи ҳунарии «Чеҳранамо»-и донишгоҳ, бо таҳияи барномаи рангини иборат аз сурудҳои дар васфи Ватан ба қалбҳои тамошобинон фараҳ бахшид.
 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj