• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГӢ ДАР МАВЗУИ ОИЛА ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ОИЛАДОРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР БАРГУЗОР ГАРДИД
Возможно, это изображение 7 человек, Телевизионная башня Токио и текстСанаи 14-уми майи соли 2024 дар майдончаи варзишии асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси раёсати донишгоҳ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии оила”, ки ҳамасола 15 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мешавад, ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Оила ва маърифати ҳуқуқии оиладорӣ дар ҷомеаи муосир” баргузор гардид.
Ҳамоиши илмӣ-фарҳангиро Назарзода Нигора, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ номаи табрикотии
ректори донишгоҳро ба муносибати гиромидошти Рӯзи оила ба самъи омӯзгорону донишҷӯён ироа намуд.
Дар идомаи ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию фарҳангӣ Раҷабмоҳ Қосимова, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқии оиладорӣ” ва Қурбонзода Маҷид, декани факултети филологияи тоҷик дар мавзуи “Оила-сарчашмаи хушбахтии инсон” маърӯзаҳои илмии пурмуҳтаво намуда, ҷойгоҳи оила ва эҳтирому арзишҳои, ки замони соҳибистиқлолии кишвар муҳайё намудааст, ёдовар шуданд.
Ҳамзамон маврид ба зикр аст, ки ба оилаҳои намунавии донишгоҳ сипосномаҳои раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми конференсия аз ҷониби дастаи ҳунарии “Чеҳранамо”-и донишгоҳ барномаи рангини иборат аз шуъру сурудҳои дилнишин дар васфи зан-модар таҳия гардид, ки ба қалбҳои иштирокдорону омӯзгорон шодӣ бахшид.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj