• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
НАТИҶАИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОНИШГОҲРО ДАР ҶОЙИ АВВАЛ ҚАРОР ДОД!
Возможно, это изображение 14 человек, помост и текстБоиси ифтихор аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар сабқати ҷумҳуриявӣ, ки 42 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд, дар бахши фанҳои табиатшиносию риёзӣ дар ҷумҳурӣ ба мақоми 1-ум ва дар бахши илмҳои гуманитарӣ ба мақоми 3-юм сазовор дониста шуда, аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ бо Дипломи дараҷаи 1-ум ва 3-юм қадрдонӣ карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар олимпиадаи имсола зиёда аз 400 нафар
донишҷӯ аз 42 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, аз рӯи 15 фанни таълимӣ сабқат намуданд.
Дар олимпиадаи мазкур дастаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ аз рӯйи фаннҳои таълимии номбаршуда, санаҳои 17 ва 18–уми май сабқат намуда, 6 нафар ба мақоми намоён ва 1 нафар ба мақоми ифтихорӣ сазовор дониста шуд, аз ҷумла:
1.Ниёзов Дилшод-донишҷӯи факултети таърих, аз рӯи ихтисоси таърихи халқи тоҷик – ҷои 1-ум;
2.Зиёев Ҳузриддин-донишҷӯи факултети география, аз рӯи ихтисоси география – ҷои 1-ум;
3.Бозорова Нилуфар-донишҷӯи факултети биология, аз рӯи ихтисоси билогоя-ҷои 1-ум;
4.Коркунова Меҳрона-донишҷӯи факултети химия, аз рӯи ихтисоси химия – ҷои 2-юм;
5.Мирзоева Сайёра-донишҷӯи факултети педагогика, аз рӯи ихтисоси педагогика – ҷои 2-юм;
6. Шукурова Дилафрӯз-донишҷӯи факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ, аз рӯи ихтисоси забони англисӣ-ҷои 3-юм
7. Кураматов Сарвар-донишҷӯи факултети математика ва информатика, аз рӯи ихтисоси математика – ҷои ифтихорӣ;
Маврид ба зикр аст, ки донишҷӯёни дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таҳти назорат ва дастгирии ҳамешагии ректори донишгоҳ қарор дошта, аз ҷониби омӯзгорони ботаҷриба омода карда мешаванд. Аҳлиддин Ибодуллозода тасмим дорад, ки машғулиятҳои таълимии ин дастаро пурзӯртар намуда, барои иштирок дар олимпиадаҳои на танҳо сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки сатҳи байналмилалӣ низ омода намояд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj