• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

МО, ҶАВОНОН НАСЛИ ХУШБАХТИ ТОҶИКИСТОНЕМ!
Возможно, это изображение 9 человек и текст20-уми майи сол равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Мо, ҷавонон насли хушбахти Тоҷикистонем” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Сураҷ Чоршанбезода муовини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонов Муҳаммад муовини раиси Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нусратулло Маҳмудзода муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва
варзиши шаҳри Душанбе ва роҳбарияту донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ширкат намуданд.
Лозим ба зикр аст, ки чорабинӣ дар доираи моҳвораи ҷавонон баргузор гардида, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар донишгоҳ якқатор мусобиқаҳои вазришӣ аз ҷумла футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ректори донишгоҳ”, “Волейбол”, “Гуштини миллӣ” дар 2-вазн, “Тенниси рӯи миз”, “Турниккашӣ” ва “Бандкашӣ” инчунин озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони “Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст” дар байни омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯписарону донишҷӯдухтарони 14-факултет натиҷагирӣ карда шуда, ғолибони озмуну мусобиқаҳо бо ҷом, диплом, ифтихорнома ва сипосномаҳои донишгоҳ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба хотири болидарӯҳии ҳозирин аз тарафи ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ ва сарояндагони шинохтаи кишвар барномаи консертӣ пешниҳоди ҳозирин гардид, ки бо рангиниву дилнишинии сурудҳо рақсҳои ҷолиби барнома ба қалбҳои иштирокдорон шодиву фараҳ бахшид.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj