• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
БАРРАСИИ НУКТАҲОИ МЕҲВАРИИ МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТ БО АҲЛИ ИЛМ ВА МАОРИФИ КИШВАР БО КОРМАНДОНИ ҚИСМИ ИЛМИ

Возможно, это изображение 12 человек и помост

Имрўз дар толори Шурои олимон бо ширкати кормандони қисми илм нуктаҳои меҳварии мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сараввал муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ, профессор Сангинзод Дониёр таассуроти худро аз ин мулоқот баён дошта, ҳамагонро ба татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти рушди илм ва маориф даъват намуд. Сипас, мудири бахши таҳлил ва робита бо ҷомеаи Маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардони донишгоҳ Маҳмудов Давлатшоҳ
роҷеъ ба муҳтавои суханронии Президент бо аҳли илм ва маорифи кишвар маърӯзаи муфассал намуд. Таъкид шуд, ки мулоқоти навбатии Президенти мамлакат бо аҳли илму маориф, ки ҳадафи он дар заминаи натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ баррасии ҳолати имрӯза ва дурнамои рушди илм, тақвият додани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ-риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирӣ ва рушди ихтироъкорӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, густариши мактабҳои илмӣ мебошад бозгӯи он аст, ки олимони тоҷик сармояи зеҳнии ҷомеа мебошанд ва бо заҳмату талош, меҳнати пурмаҳсули онҳо илми тоҷик метавонад дар сатҳи байналмилалӣ эътироф пайдо кунад. Олимони дақиқназару ихтироъкор ҳамчун меросбарони зиёиёни гузаштаи фарҳангофар, ки бо дастовардҳои илмии худ дар риштаи илмҳои риёзӣ, ҳандаса, тиб, нуҷум, иҷтимоиёт, ҷуғрофия, сиёсат, ахлоқ ва ғайра дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши калидӣ гузоштанд, имрӯз низ новобаста аз бурхурди тамаддунҳо, вусъат касб кардани тағйироти мудаввоми иҷтимоӣ-сиёсӣ парчамбардори рушди илми муосири башарӣ мебошанд.
Корманди Раёсати илми донишгоҳ Дустова Навраста зимни суханронӣ иброз дошт, ки воқеан давлат ҳамвора аз илму маорифи мамлакат ҳимоят мекунад, хизмати олиму омӯзгорро қадр менамояд, пас мо низ дар ҷавоб бояд фидоии касби худ бошем, барои пешрафти ҷомеа, тарбияи кадрҳои ҷавон ғамхору содиқ бошем, фарҳанги пурғановати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Бетарафӣ пеша насозем, беасос якдигарро танқид накунем, ба таълифоти якдигар аз ҷиҳати интиқодӣ назар андӯхта, ахлоқи олимро риоя дорем, барои беҳбуди кор ва ба даст овардани самара ба якдигар маслиҳатҳо диҳем. На ин ки аз интиқоди ҳамкасб тухми кина дар дил парварида, нисбаташ ҳарфи носазо гӯем.
Муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ, профессор Сангинзод Дониёр ҷаласаро ҷамъбаст намуда таъкид намуд, ки Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ҳидоятҳои роҳнамунсози Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар сармашқи кор намуда, бобати татбиқи амалии онҳо, пайванди илм бо истеҳсолот, рушди илмҳои дақиқ, муаррифии илми ватанӣ дар арсаи ҷаҳонӣ пайваста тадбирҳои ҷиддӣ меандешад.
Аз ҳар як корманди қисми илм даъват ба амал оварда шуд, ки бо дастовардҳои навини илмии худ ва таълифи китобу мақолаҳои илмӣ дар рушди илми ватанӣ саҳмгузор бошанд.
Дар хотима ба як қатор кормандони қисми илм сипосномаҳо тақдим гардид.
Бардошт аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 30 майи соли 2024
ПАНДҲОИ БЕБАҲОИ ПЕШВО
Пешво роҳе барои олимони мо кушуд,
Дар мулоқоташ зи таҳти дил суханронӣ намуд.
Гуфт: -Давлат доимо дар фикри беҳбуди шумо,
Чунки умре мерасад бар ин Ватан суди шумо.
Хоҳишам аз ҷамъатон бошад азизонам, мудом,
Ин ватанро дӯст доред, дӯст доред, субҳу шом.
Ҳар нафас бошед андар фикри шогирдони худ,
Сабз гардонед чун гул дар бари домони худ.
Пурра омӯзед то охир забони тоҷикӣ,
Бекарон аст, ин забони ҷовидони тоҷикӣ.
Ҳар нафас олим, ки омӯзад забони хориҷӣ,
Мешавад огоҳ осон аз ҷаҳони хориҷӣ.
Вой бар он соҳибунвоне, ки ғайбатгар шавад,
Як нафас дур аз китобу хомаву дафтар шавад.
Он ҷавоне, ки парастад меҳани худро, сано,
Дастгирӣ кард бояд ҳар шабу рӯзи Худо.
Дониёро, раҳнамоят пандҳои Пешво,
Пандҳои зарҳалину бебаҳои Пешво.
Дониёр Сангинӣ
КАЛОМИ ПЕШВО
Пурмуҳтаво, ғарқи вафо ҳарфу каломи Пешво,
Моро бақои зиндагӣ андар саломи Пешво.
Хуш бод умри миллате бо сарнавишти бехато,
К-андар китоби орзу моро бувад бахти ато.
Пайку дуои ҳиммате аз номдорон омада,
Бо файзу иқболи сафо аҷри ҳазорон омада.
Дар партави илму амал моро фузуда зиндагӣ,
К-аз Пешвои мо бувад моро раҳи тобандагӣ.
Дониёр Сангинӣ
ТОҶИКИСТОНИ БУЗУРГ
Тоҷикистон кишвари беҳад кабир,
Байни давлатҳо надорад ӯ назир.
Навваду дуюм ҷояш дар ҷаҳон,
Дорад ӯ фарзандҳо даҳ миллион.
Дар масоҳат навадусеюм бувад,
Шуҳраташ дар амн то гардун бувад.
Пешниҳодаш шуд қабули оламин,
Обу иқлим, пиряху футбол бин.
Осиё шодоб аз ӯ доиман,
Дар ҳамин мавзуъ соҳибанҷуман.
Шаст милён аст тоҷик дар ҷаҳон,
Бас қадимӣ ҳаст дар таърих он.
Бо саду ҳаштод давлат гашта дӯст,
Ҳам сафоратхонаҳо карда дуруст.
Тоҷикистонро дигар кӯчак нагӯ,
Бо тамоми қитъаҳо дар гуфтугӯ.
Тоҷикистонам, бузургӣ дар ҷаҳон,
Дӯст медорам туро аз мағзи ҷон.
Ҳарфи Сарвар раҳнамои Дониёр,
Мекунад бо номи некаш ифтихор!
Дониёр Сангинӣ
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj