• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО МИЁНИ РЕКТОРОНИ ДОНИШГОҲҲОИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН
Возможно, это изображение 2 человека12-уми июни соли 2024 Киргизбаев Абдуғаффор Каримҷонович, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фирӯза Икромовна ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи сафари кории хеш ташриф оварданд.
Зимни ташриф Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ меҳмононро истиқбол намуда, ҷонибҳо дар доираи суҳбат масъалаи тавсеаи ҳамкориҳо, аз ҷумла мубодилаи академии мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, мубодилаи мутақобилаи донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои амиқтар кардани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, ташкили конференсияҳои муштарак, семинарҳо ва симпозиумҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар интиҳои мулоқот аз ҷониби ректори донишгоҳ ба ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ баҳри тавсеаи ҳамкориҳо тӯҳфаи рамзие бо самимияту иродатмандӣ тақдим гардид.
овар мешавем, ки созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ моҳи апрели соли ҷорӣ дар Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расида буд.
 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj