• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ
“ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ МАОРИФ” ДАР ҲОШИЯИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”
Возможно, это изображение 3 человека, помост и текст20 июни соли 2024 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар толори донишгоҳи мазкур бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф”баргузор гардид.
Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳ Сангинзод Дониёр оғоз намуда, зикр намуд, ки ҳанӯз аз оғози даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради
азалӣ ва заковати дурбинона ҷиддияти масъалаҳои экстремизму терроризм ва ҷаҳонишавии коррупсияро, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда буд, сари вақт дарк намуда, муқовимати оштинопазирро бо ин падидаҳои номатлуб дар меҳвари сиёсати хеш қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар таърихи Тоҷикистони навин тамоми масъалаҳо вобаста ба ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия бевосита аз иродаи олии сиёсии ин абармарди таърихӣ сарчашма гирифта, ташаббусҳои ин сиёсатмадори барҷаста дар ин ҷода беназир мебошанд.
Дар идома иштирокчиёни конференсия дар мавзуъҳои ҷанбаҳои ҳуқуқии пешгирии коррупсия дар муассисаҳои
таълимии таҳсилоти олии касбӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, экстремизм ва терроризм:умумият ва фарқияти онҳо ва нақши ниҳодҳои давлатӣ ва сиёсию ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди коррупсия маъруза карданд. Баъд аз шунидани маърузаҳо оид ба масъалаи мазкур мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Дар маҷмуъ чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба боварӣ метавон гуфт, ки натиҷаҳои он аъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва баланд бардоштани савияи донишу фарҳанги ҳуқуқӣ мерасонад.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj