• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН АЗ ФУРӮҒИ ВАҲДАТ АСТ!
Возможно, это изображение 1 человек Бо гузашти замон ва бо шарофати сиёсати созандаву хирадгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон гардишҳои куллӣ ва марҳилаҳои нави таърихӣ ба амал меоянд. Мамлакатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ вобаста барқарории сулҳу субот ва амалӣ гардидани рукнҳои демократия дар Тоҷикистон хоҳони густариши муносибатҳои ҳасана дар соири арсаҳо бо Тоҷикистон мебошанд. Эътирофи равандҳои сиёсиву
иҷтимоӣ, зина ба зина пешрафт ва рушди иқисод, амалӣ гаридани ҳадафҳои стратегӣ ва дастовардҳои даврони истиқлоли Тоҷикистон аз ҷониби мамлакатҳои ҷаҳон худ гувоҳи рушди бемайлони Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо мебошад, ки ин раванд аз Ваҳдати миллӣ сарманша мегирад.
Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид. Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем.
Ваҳдат. Ин вожа маъниҳои бузургро дар ниҳоди худ ғунҷонидаааст. Муттаҳидӣ, ҳамбастагӣ, ҳамрайъӣ, ҳамёрӣ ва ягонагӣ маънии ин вожаро мукаммалтар менамоянд. Бале, ваҳдат хишти тиллоии давлат, боиси бақои миллат ва муҳимтар аз ин, пойдевори мустаҳками муҷассамаи сулҳу субот аст. Ваҳдат азми моро барои анҷоми корҳои муҳимми давлату давлатдорӣ афзун менамояд, ҷаҳди ҳамагонро бобати татбиқи амалии иқдомҳои ҳидоятсози Пешвои миллат ҳамбаста ва рағбати ҷомеаро пайи бунёди давлати ҳуқуқасоси адолатпарвар ба вуҷуд меорад. Ба ин хотир, мо ин ҷашни муҳимтарини даврони истиқлол, яъне Рӯзи ваҳдати миллиро пос медорем, ба он арҷ мегузорем ва ҳамвора барои решадор шудани ниҳоли ваҳдати миллӣ ва пуршукуфа шудану самари ширин ба бор овардани он пайкор менамоем!
Инак, мо дар солгарди таҷлили 27-умини яке аз ҷашнҳои муҳимтарин барои мардуми шарифи Тоҷикистон – Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Бо итминон метавон гуфт, ки дар зарфи 27 сол ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон шакл гирифт, ҳамчун наҳол сабзид ва имрӯз аз борҳои ин наҳоли пуршукуфа мардуми Тоҷикистон ком ширин мекунанд. Бисту ҳафт соли ваҳдати миллӣ- бисту ҳафт соли бунёдкориҳо, бисту ҳафт соли ваҳдати миллӣ-бисту ҳафт соли оромиҳо, бисту ҳафт соли ваҳдати миллӣ – бисту ҳафт соли пешравиҳо, бисту ҳафт соли ваҳдати миллӣ – бисту ҳафт соли муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон аст.
Оре, бо ҳидоятҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ ба сони нурест, ки аз партави пурҷилои он орзуҳои ҳамагон мешукуфанд ва роҳи минбаъдаи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол равшан мегардад.
Бо гузашти 27 сол бо эътимоди қавӣ метавон гуфт, таҷрибаи дар ҷодаи Ваҳдати миллӣ ба дастовардаи мо дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин буда то кунун назир надорад ва дар миқёси байналмилалӣ низ лоиқи дастгирӣ, баррасӣ, омӯзиш ва истифода аст. Зеро дар бисёр кишварҳо, амсоли Афғонистон, Эрон, Ироқ, Сомалӣ, Сурия, Лубнон, Қирғизистон ва ғ. низоъҳои дохилӣ, табаддулот, инқилобҳо ба вуқуъ пайвастанд. Мардуми зиёд фирорӣ шуд, вале даъват аз ҷониби мақомоти олии сиёсӣ ва воситаҳои муқтадири иттилоотӣ, амсоли радио ва телевизион хеле кам ба амал омадааст. Фирориёни ин давлатҳо барои бурида нашудан аз зодбум ва тарғиби фарҳангу забони худ бо ташаббуси шахсӣ дар хориҷи кишвар ғояҳои ватандӯстӣ, ваҳдату ҳамоиш ва андешаи тавҳиди миллиро тарғиб мекунанд. Аммо дар кишвари мо ғояи ваҳдати миллӣ на танҳо аз ҷониби мақомоти олии роҳбарии сиёсии кишвар дастгирӣ гардид, балки барои ҳамбастагии манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ барномаҳои ҳукуматӣ рӯи даст гирифта шуд ва пеш аз ҳама барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва унсурҳои тақвиятбахши он кӯмакҳои ҳамаҷониба расонида шуд.
Партави ваҳдати миллӣ ба тамоми соҳаҳо-сиёсат, иҷтимоъ, фарҳангу тамаддун ва муҳимтар аз он ба Васоити ахбори умум ҳусну ҷило мебахшад ва ҷидду ҷаҳди мардумро барои рӯзҳои пурсаодат афзун менамояд. Зеро рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат худ гувоҳи он аст, ки арзишҳои миллии мо дар шароити ҷаҳонишавӣ хусусиятҳои нав касб мекунанд. Бо татбиқи амалии ваҳдат ва арзишҳои миллӣ вақти он расидааст, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дастовардҳои худро пешниҳод намоем. Ин дастовардҳо дар шакли зуҳуроти фитрӣ – дониш, ақл, ҷаҳонбинӣ ва афкори созанда ироа мешаванд. Аз ҷониби дигар, пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди СММ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ шудани онҳо худ гувоҳи он аст, ки идеологияи навини давлатдории тоҷикон ҷанбаи миллӣ дошта, натанҳо ваҳдати дохилӣ, балки ваҳдати башаририро дар асоси маҷмуи бузурги ҷаҳонбинии халқҳои ҷаҳон дар худ тачҷассум мекунад. Ин гувоҳи он аст, ки идеологияи давлати нави миллии мо барои на танҳо мо, балки баҳри башарият фикри нав, андешаи нав, ҷаҳонбинии нав ва сиёсати навро ҳадафи аслӣ қарор додааст ва ин омилҳо барои рушди афкори башар ва ваҳдати умумибашарӣ ба таври ҷовидонӣ мусоидат менамоянд. Яъне, ваҳдат- гаҳвораи осоиши ҷомеаи ҷаҳон аст, ки дастёбӣ ба он ҷаҳди дастаҷамъонаи башарро тақозо дорад. Аз ин ҷиҳат, давлатҳои гуногун, минҷумла Русия дар амри таҳкими суботи байни тоҷикон нақши ҳалкунанда бозид.
Имсол ба ҷашни ваҳдати миллӣ 27 сол пур мешавад, аз партави ҷонбахши ваҳдати миллӣ Тоҷикистон рушд мекунад ва пеш меравад. Омӯзиши равандҳои 27 соли дастёбӣ ба Ваҳдати миллӣ, ки як марҳилаи таърихии ҳаёти миллати тоҷикро дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассосу пурмасъулият дар бар мегирад, барои кушодани моҳияти масъалаҳои дигари солҳои аввали истиқлол ва сиёсати меъмори ваҳдати миллӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон судманд хоҳад буд. Аз ин рӯ, бояд ҳамаи мо - шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол барои решадор шудани ваҳдати миллӣ аз як гиребон сар барорему даст ба дасти ҳам дода, кишвари азизи худро обод намоем! Зеро ваҳдати миллӣ- ҷашни ҳамагонист, ваҳдати миллӣ- ҳамвазни истиқлол аст, ваҳдати миллӣ- ваҳдати вуҷуд аст, ваҳдати миллӣ- ваҳдати андешаҳост, ки ҳарчанд он 27 - сола мешавад, аммо ҳанӯз ниёз ба ҳифз, парвариш ва нигоҳубин дорад. Миллате, ки ваҳдати вуҷуд ва ваҳдати андешаҳо аз афкору тинаташ бармехезад, миллати қавиирода, сабур, таҳаммулпазир ва ғаюр буда, қодир аст дар дарозои таърих неруи созандаву фаъолияти офарандаи худро барои рушди кишвар ва саодати шаҳрвандонаш равона созад.
Бақои миллат аз бақои ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад. Оре, ваҳдат моро ба ҳам меорад, ҳамбаста мекунад, барои иҷрои корҳои муҳим ҳамёр менамояд ва дар амри татбиқи ниятҳои наҷиби умумимиллӣ коргар месозад. Бигзор, парчами сулҳу ваҳдат дар осмони Тоҷикистони азизу муқаддаси мо ҳамеша парафшон бошад, он барои миллати куҳанбунёди тоҷик ва кулли тоҷикистониён мояи бахту осоиш ва ниёишу ситоиш бошад.
Бистуҳафтумин ҷашни фархунда ва пуршарофати ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамкасбони гиромӣ!
Аҳлиддин Ибодуллозода,
ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj