Хонаи бе китоб рузи бе офтоб аст
Санаи 10.11.2017 донишҷӯёни факултети забон ва адабиёти рус бо теъдоди 535 нафар таҳти унвони "Фурӯғи субҳи донои китоб" аст ба китобхонаи донишгоҳ сафарбар карда шуданд. Мақсад аз он иборат буд, ки донишҷӯён бештар ба китобхонӣ ҷалб гашта ва саводнокии худро ғанӣ гардонанд. Ба донишҷӯён роҳбарияти факултет ва кураторони гурӯҳҳо вобаста карда шуданд.Ба онҳо моҳияти китобу китобхониро талқин намуданд. Яъне дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ "Хонаи бе китоб рузи бе офтоб " аст. Инчунин ба донишҷӯён бори дигар хондани Ёддоштҳои Садриддин Айниро ёдрас намуданд. |