There are no translations available. «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон»
Иҷлосияи XVI –уми ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд шуда гузашт, дар ҳаёти миллати тоҷик як воқеаи тақдирсози мусбиро ба вуҷуд овард. Яке аз бурдҳои қарорҳои таърихии ин Иҷлосия он буд, ки дар он Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон чун шахси қавиирода ва ҷасур бо суханронии кӯтоҳ вале таъсирбахши худ аз нутқҳои дигар иштирокдорони маҷлис ба он фарқ мекард, ки масъалагузориҳои ӯ дар он воқеӣ ва мушаххас буданд. Пешвои миллат дар таърихи навини давлатдори нақши муассиреро гузошт. Аз ҷумла, он кас пас аз ба сари роҳбари ҷумҳури омаданаш дар Иҷлосия XVI – ум дар баромади аввалини худ ба ҳайси роҳбари ҷумҳури иброз доштанд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам». Сухани дигари таърихии ӯ ин буд, ки «То охирин гуреза ба ватан баргардонда нашавад ман худро орому осуда ҳис намекунам». Ҳамин тариқ Пешвои миллат на танҳо парокандашавии миллат ва давлатдории тоҷиконро аз нести наҷот дод. Инчунин дар рафти сиёсати дурандешонаи худ миллатро сарҷамъ намуда дар ватан сулҳро барқарор намуда ва ба давлатдории навини тоҷикон асос гузошт. Ҳамин тавр аз тарафи донишҷуён доир ба мавзуъи зикршуда саволу ҷавоб доир гашт. |