There are no translations available.
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ!
Конференсияро декани факултети забонҳои романӣ-германӣ номзади илмҳоли фалсафа, дотсент Зикирзода Ҳобилҷон ҳусни оғоз бахшида доир ба якчанд моддаҳои конститутсия ибрози андеша намуданд. Сухани навбати ба намояндаи Академияи вазорати корҳои дохили Сафаров Ҳаётҷон дода шуд. Эшон дар мавриди суханронии худ доир ба тағйиру иловаҳо дар конститутсия фикру андешаҳои худро баён кард. Инчунин сухани ба намояндаи маркази ҷавонони шаҳри Душанбе Ҳакимзода Шукрона дода шуд. У дар маърузаи худ доир ба мафҳуми конститутсия тағйиру иловаҳо ба он ва асоси моддаҳои 33-и конститутсия ки дар бораи оила бахшида шудааст кайд карда гузашт. Баъд аз суханронию андешарониҳои меҳмонон дар конференсияи мазкур созмонҳои ҷамъиятии факултетҳо низ фаъолона иштирок намуда доир ба мавзуҳои гуногун бахшида ба 23 солагии Конситутсия маъруза намуданд. Дар анҷоми конференсия раиси иттифоқи касабаи факултети забонҳои романӣ-германӣ Қурбонов Аминҷон ба ширкаткунандагон ва маърӯзакунандагони конфренсия изҳори сипос намуд.
|