• Tajik
  • Russian
  • English


Пажуҳиш
There are no translations available.

МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

Инсон бо табиат зинда аст, зеро табиат манбае дар кураи замин мебошад. Илова бар ин, табиат сарчашмаи асосии қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ба ҳисоб меравад.

Аҷдодони мо ҳамбастагии омилҳои табиии обу ҳаво, набототу ҳайвонот, олами моддӣ ва маънавиро аз масоили экологии куҳан медонистанд. Ин чунин маъно дорад, ки инсоният дар марҳилаҳои фаъолияти ҳамешагиаш бо масъалаҳои экологӣ алоқаманд будааст. Азбаски инсон шакли олии таҷассуми табиат аст ва бидуни он зиста наметавонад, бинобар ин масъалаҳои экологӣ яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи ҳаёти ў ба шумор мераванд.

 
Пажуҳиш
There are no translations available.

ВАҲДАТ-САРЧАШМАИ САОДАТ

Тоҷикистонам  гулафшон аз баҳори Ваҳдат аст,

Дар нигоҳи офтоби ў  шарори  Ваҳдат аст.

Буд парешон аз боди офат хоки поки офият,

Мардуми сарҷамъаш акнун посдори  Ваҳдат аст.

Дар охири асри ХХ дар ҷаҳон воқеаҳои сиёсие ба амал омаданд, ки мардуми сайёра онро интизор набуданд. Яке аз ин воқеаҳои аср барҳам хӯрдани ИҶШС – бузургтарин давлати дунё мебошад. Ҷаҳони империалистӣ  аз ҳамон ибтидои  барпошавии низоми сотсиалистӣ  нақшаи барҳам додани ин низомро доштанд ва муборизаи онҳо бо роҳҳои гуногун идома дошт. Дар ин давра Иттиҳоди Шуравӣ 15 ҷумҳурии иттифоқиро дар бар мегирифт ва дар он зиёда аз 100 халқу миллат бо теъдоди  270 миллион нафар зиндагӣ мекарданд.  Сар задани  буҳрони иқтисодӣ  чунин шумораи зиёди халқу миллатҳо ва аҳолиро ором гузошта наметавонист. Аз ин рў, чунин вазъият халқу миллатҳоро ба шўр оварда, сабаби ба вуҷуд омадани ҳаракатҳои миллӣ, ошкорбаёнӣ, ҷудоихоҳӣ ва ғайра гардид. Дар ИҶШС масъалаи миллӣ то андозае ҳалли дурусти худро ёфта бошад ҳам, иҷро нагардидани нақшаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тадбирҳои экологӣ ва дар рафти ошкорбаёнӣ афзудани баъзе муаммоҳо  ба тезутунд гардидани муносибатҳои миллӣ оварда расонд.

 
Пажуҳиш
There are no translations available.

ОМОДАСОЗИИ ОМЎЗГОРОНИ ОЯНДАИ ХИМИЯ ДАР ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ТАЪЛИМИ ТАФРИҚАВӢ

Омўзиш ва таҳлили ҳолати ҷараёни таълиму тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон онро нишон медиҳад, ки аз оғози даврони истиқлоли кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ ба таҳкими маорифи миллӣ даст зада, барои  ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ кўшиш намудааст. Дар ин баробар соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон намуда, ҷиҳати рушди пайвастаи он тадбирҳои мушаххас меандешад.

Дар заминаи воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи ягонаи маълумот,дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва институтҳои байналмилалӣ доир ба беҳтаргардонии сифати таълим ва такмили тахассуси кадрҳои педагогӣ омўзгорони кишвар имконият пайдо карданд, ки методу усулҳои дарсиро такмил диҳанд ва тариқи таҷриба аз ҳамкасбони пешқадами худ шаклҳои нави муносибат ба таълимро омўхта, тарзи ташкили онро таҷдид намоянд. Дар ин зимн, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 «Стратегияи рушди маориф барои солҳои 2012-2020»-ро ба тасвиб расонд, ки дар асоси он то соли 2020 стандарту барнома ва китобҳои дарсӣ таҷдиди назар карда шуда, тибқи муносибати босалоҳият ба таълим таҳия гардиданд.

 
Пажуҳиш
There are no translations available.

ОИНУ СУННАТҲОИ МЕҲРГОН АЗ НИГОҲИ ШОИРОН

Ҷашни Меҳргон аз ҷашнҳои бисёр бузург ва бофарру шукӯҳи аҷдодони мо дар аҳди бостон будааст. Ин идро дар қадим Митроконо мегуфтанд ва баъдҳо номи Меҳргонро гирифт.  Ин ҷашн аз Меҳррӯз (16 меҳр-8 октябр) оғоз ёфта, то Ромрӯз (21 меҳр-13 октябр), яъне шаш рӯз тӯл мекашид. Рӯзи оғози ҷашнро Меҳргони омма ва рӯзи анҷомашро Меҳргони хосса мегуфтанд. Бархе аз муҳаққиқон навиштаанд,  ки то он рӯз хуршед ошкор шуда, курраи моҳ, ки гӯё торикӣ буд, аз хуршед фурӯғ ва рӯшноӣ гирифт. Ба навиштаи “Бундаҳишн” Машӣ ва Машиёна дар ҳамин рӯз зода шуданд. Ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ Худованд дар ин рӯз заминро бигустаронид.

Дар аҳди Ҳахоманишиниён Меҳргон бо шукӯҳу азамати хоссае таҷлил мешудааст. Чунончи табиби хоси Ардашери дувум Котесиаси юнонӣ менависад: “Подшоҳони Ҳахоманишиниён ба ҳеҷ навҳ набояд маст шавад магар дар рӯзи ҷашни Меҳргон, ки либоси фохири арғувонӣ мепӯшанд ва дар бодапаймоии майхорагон ширкат менамоянд”. Муаррихи юнонӣ Дуриус менависад, ки “Дар ин ҷашн подшоҳон мерақсиданд”.

 
Пажуҳиш
There are no translations available.

ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ

ВА БЕҲДОШТИ СИФАТИ ТАЪЛИМ

Ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим амри зарурӣ мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар замони муосир, ки тағйироти куллӣ ҳамаи соҳаҳои ҷомеро фаро гирифтааст, пайвастан ба фазои илмию техникии ҷаҳони мутамаддин ногузир аст. Тавассути такмили маҳорату малакаи касбӣ бояд омўзгор аз навовариҳои таҳсилоти байналмилалӣ ва пешрафти илму техника баҳра гирифта, барои насли наврас муҳитеро созгор намояд, ки ҷиҳати пешрафти соҳаи маориф ва иҷтимоиёту иқтисодиёти мамлакат мусоидат намояд. Аз ин лиҳоз, дар вазъияти феълӣ бо назардошти мутобиқшавӣ ба арсаи ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ рушду нумўи тафаккури миллӣ ногузир аст. Маҳз ба ин  хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти ҷумҳурӣ,  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «ба таълими технологияи муосир дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, касбӣ, миёнаи махсус ва олӣ, инчунин ба раванди воридшавӣ ба таҳсилоти ҷаҳонӣ суръат бахшидан зарур аст».

 


Page 30 of 32
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj