• Tajik
  • Russian
  • English


Пажуҳиш
There are no translations available.

ОИНИ ПАРЧАМДОРИИ ТОҶИКОН

Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст 24-уми ноябри соли 2009 ҳамчун Иди миллӣ эълон гардида, бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардида буд. Аз хамон рӯз ҳамагӣ сездаҳ сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ин маънии онро надорад, ки мо ҳамагӣ сездаҳ сол соҳибпарчам мебошем. Баръакс, Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тоҷикон ҳамчун қисме аз ҷомеаи башар дар тамаддуни пешрафтаи олам ҳиссаи хосе дошта, ҳамчун миллати бофарҳанг, соҳибилму соҳибмаърифат ҳазорсолаҳо пеш истиқлолияти сиёсӣ, давлатӣ, миллӣ, марз, артиши тавоно ва дигар муқаддасоти муҳими сиёсӣ, аз он ҷумла рамзҳои хоси ҳокимияти давлатӣ, монанди парчам ва забони давлатиро доро буданд. Аз замони пайдоиш то имрӯз парчам матое мебошад, ки аксаран дар қисмати болоии чӯб ва ё дигар воситае, амсоли нӯги найза ҳамеша барои намоён будан бо бардоштан ба баландии муайян, нигоҳ доштан дар қисмати болоии қасрҳо ва дар хаймаи размгоҳ парафшон мегашт.

 
Пажуҳиш
There are no translations available.

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ-РАМЗИ ҲАМДИЛИЮ ҲАМБАСТАГӢ

Ҳамдилию ҳамбастагӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки бо ҳастии ин ду ҷавҳари бузург инсоният метавонад ба фатҳи бузургтарин орзуву армонҳои хеш ноил гардад. Маҳз ҳамдилию ҳамбастагӣ сабабгор мешаванд, ки гуруҳҳои кучак ба гуруҳҳои кабир ва қавму қабилаҳои хурд ба давлатҳои бузург ва фарогир табдил ёбанд. Ҳамдилию ҳамбастагии хешро инсоният одатан бо нишону рамзҳои хос инъикос менамояд, ки ин нишону рамзҳо аз ҷониби шахсиятҳо ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ рӯи кор меоянд. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки инсонҳои адолатпешаву хайрхоҳи мардум ҳамеша дар зери як рамз мутаҳид гардида, дар муқобили зулму беадолатӣ алайҳи душманон мубориза мебурданд.

 
Пажуҳиш
There are no translations available.

НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

«Ман, кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард!» – ин аввалин суханони бо хитоб ва эътимодноки Роҳбари навтаъингардидаи кишвар, Раиси Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки аз минбари Шурои Олӣ садо доданд. Ин нутқи тақдирсози ояндаи миллати тоҷик дар ҳоле эрод гардид, ки Ватани азизи мо авзои вазнини сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодиро аз сар мегузаронид. Дар он рузҳои мудҳиши даргирӣ, ки пойтахти кишвар ва навоҳии ҷанубии он ба гирдоби даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда буданд, 17-рӯзи тақдирсози миллати тоҷик дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид. Беибо метавон гуфт, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Раиси Шурои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, хушбахтона вакилони мардумӣ қарорҳое қабул карданд, ки то ҳадде вазъи муташанниҷи кишварро ба эътидол овард.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар раванди таърих шахсиятҳое ворид мегарданд, ки барои ҳар як халқу миллат ба шоҳкориҳои бемисл муваффақ мегарданд, метавонанд саодату хушбахтии миллатро таъмин намуда, оламшумул гардонанд. Ба тақдири миллати тоҷик дар чунин авзои ҳассоси таърихӣ, ки миллати қадимию тамадунофари тоҷикро хатари нестӣ таҳдид дошт, фарзанди фарзонаю матини ин миллат, Эмомалӣ Раҳмон вориди майдони сиёсии таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон гардид.

 
Пажуҳиш
There are no translations available.

ИРОАИ ҲИСОБОТИ СОЛОНА

Имрӯз, дар таърихи  23 ноябри соли 2022 тибқи ҷадвали баргузории муҳокимаи ҳисоботи солонаи фаъолияти  факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ  дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  аз ҷониби муовини декан оид ба корҳои илмӣ н.и.п. Шарипов А.Ф. ҳисоботи солонаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ манзур карда шуд.

Дар  ҷараёни муҳокимаи  ҳисоботи солона муовини ректори донишгоҳ  оид ба корҳои илмӣ, д.и.ҳ. ,профессор Сангинзод Д, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ профессор Худойдодзода Ф, сардори Раёсати илм ва инноватсия Идиев С.Б., масъули бахши табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултети мазкур , мудирони кафедраҳои марбут ба он ва як зумра устодони факултет иштирок намуданд.

 
Пажуҳиш
There are no translations available.

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИСТ

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷудаст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

Моҳи ноябри соли 1992 дар иҳлосияи 16-уми таърихи Шурои Олии  Тоҷикистон ки дар  он такдири ояндаи давлати милли  давлати тоҷикон  тахрези гардида, ба суи хадафхои умумимилли сулҳу суббот ва ваҳдати мили кадамхои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани татбирҳои  зарури доир ба таъмини сарчаъмии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустин давлати соҳиб истиклоламон –Парчам ва дертар Нишон  кабул карда шуданд.

Имруз мо он лахзахои сарнавиштсози таърихиро  бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рузхои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдори ва ташаккули чомеаи озоди кишвар , яъне огози мархилаи бунёди давлати демократии хукукбунёд ва дуняви хамчун хадафи асоси ва мукаддаси халки Тоҷикистон  ба хисоб мерафт.

 


Page 17 of 32
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj