• Таджикский
  • Руский
  • Английский


Исследование
There are no translations available.

АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

“Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат элон намуд. Яъне дар мазмуну муҳтавои ин санади тақдирсоз роҳи ояндаи давлатдории мо муайян гардида, асосҳои конститутсионии ташаккул ва инкишофи минбаъдаи он гузошта шуданд”. Эмомалӣ Раҳмон

Ташаккули падидаи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун зуҳуроти ҳуқуқию конститутсионӣ дар илми ҳуқуқи конститутсионии кишвари мо воқеаи нав буда, пайдоиши он дар таркиби Конститутсия ва қонунгузории Тоҷикистон ба таҳия ва қабули Конститутсияи соли 1994 алоқаманд аст. Ин омил далели он аст, ки ҳар як давлат тибқи асосҳо ва заминаҳои ба худ хос ташаккул ва инкишоф меёбад.

 
Исследование
There are no translations available.

ЗАБОН ВА УСЛУБИ ХОСИ АШЪОРИ МИРЗО ОЛИМҶОНИ ҲАСРАТ

Мирзо Олимҷон ном шоири хушсалиқа, ки бо тахаллуси Ҳасрати Ҳисорӣ дар водии Ҳисор ном бароварда буд, миёни аҳли адаби Самарқанду Бухоро низ хеле маъруф буд. Ҳасрат зодаи водии Ҳисор буда, дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX зиндагӣ ва эҷод кардааст. Дар Бухоро таҳсили илм намуда, илмҳои маъмули замонашро аз бар намудааст. Инчунин донандаи шеъру ғазал, наққоши беҳтарин ва қории «Қуръон» низ буд. Чӣ гунае ки мо дар мақолаҳои қаблӣ борҳо таъкид намуда будем, Водии Ҳисор дорои доираи адабии худ буда, дар Мовароуннаҳр баъд аз Самарқанду Бухоро яке аз ҳавзаҳои муҳими адабӣ ба шумор мерафт. Ва муҳити адабӣ дар Водии Ҳисор хуб амал намуда, дар он шоирону нависандагон аз гӯшаву канори водӣ ҷалб шуда буданд.

 
Исследование
There are no translations available.

САЛОҲИЯТҲОИ ОМЎЗГОРИ ФИЗИКА ЗИМНИ ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ

Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон 26.12.2019 ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.

Дар Паёми навбатиашон (26. 01. 2021) бошад, қайд карданд, ки «Ба хотири боз ҳам бештар ба омўзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омўзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурўғи маърифат» гузаронида шавад». Ба таъкиди Пешвои миллат «Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем».

 
Исследование
There are no translations available.

ШИНОХТИ ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Чӣ гуна ки ба ҳамагон маълум аст, забон аз бузургтарин авомилест дар ташаккул, рушд ва камолоти ҳар миллат. Тавассути забон миллат дар ҷомеа устувору собит аст ва дар шоҳроҳи худшиносӣ ва пояндагӣ гомҳои қавӣ мегузорад. Вале дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки дар се даҳсолаи охир хеле ба авҷ расидааст, ин масъала ба забон ва ҳувияти миллатҳо таъсироти манфии худро расонида истодааст. Агар ба шарҳи ин ду ифода бигзарем, забон ва ҳувият ду ҷузъи ҷудоинопазире мебошанд, ки дар ташкили зерсохторҳои ҷомеаи башарӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд.  Ба хотири пешгирии баъзе хатароти мавҷуда наметавон дарҳои кишвари худро ба рӯйи раванди ҷаҳонишавӣ баст, зеро ин роҳ ба манфиати ҳеҷ кишваре буда наметавонад. Масъала дигар ин нест, ки барои олуда нашудани забони миллӣ ва ҳимояи ҳувияти миллӣ як миллат худро аз раванди ҷаҳонишавӣ берун нигаҳ дорад. Масъала ин аст, ки роҳҳои дурусти ҳифзи бақо дар шароити ҷаҳонишавӣ ба роҳ монда шуда, вижагиҳои миллӣ, аз ҷумла назофати забон ва ҳувияти миллӣ нигаҳ дошта шавад. Ба ибораи дигар ворид шудан ба раванди ҷаҳонишавӣ ногузир аст ва сарнавишти забон ҳувияти миллӣ дар ин шароит дар дасти худи давлатҳои миллӣ мебошад. Муайян кардани бурду бохтҳои ин раванд ва коркарди стратегияи дурусти давлатӣ ҷиҳати рушди забон ва ҳимояву тақвияти ҳувияти миллӣ дар замони муосир аҳамияти вижа дорад.

 
Исследование
There are no translations available.

САҲМИ АКАДЕМИК РАҲИМ МАСОВ ДАР РУШДИ ИЛМИ ТАЪРИХИ ВАТАНӢ

Замоне, ки академик Раҳим Масов зимоми идораи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ ба номи Аҳмади Донишро ба ҳайси директори муассиса ба даст гирифт, замони бозсозии горбачёвӣ буд. Вазъият дар Тоҷикистон хеле мусоид буд, вале дертар  кашмакашҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфта, нобасомониҳо ба вуҷуд омаданд. Вале ў бо ин вуҷуд дар гирди худ олимони намоёнро ҷамъ оварда, нагузошт, ки онҳо фирор кунанд ва фаъолияти илмии институти зикршударо дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошт. Дар ҳамин давраи нобасомонӣ нашри нави «Таърихи халқи тоҷик», ки  дар 6 ҷилд ба нақша гирифта шуда буд, аз нав оғоз гардида, дар фосилаи солҳои  1998 то соли 2014 ҳама шаш ҷилди он аз ба табъ расид ва ҳоло дастраси хонандагон мебошад.

Академик Раҳим Масов дар соли 1992 ба хотири боз ҳам бештар муаррифӣ намудани мероси таърихии халқи тоҷик нашри маҷаллаи илмӣ - оммавӣ ва маданӣ- маърифатиро таҳти унвони «Мероси ниёгон»  ба роҳ монд. То соли 2014 16 шумораи ин маҷалла нашр гардид, ки устод Раҳим Масов вазифаи сармуҳарририи онро ба ўҳда дошт. Ӯ дар шумораи нахустини маҷалла ба хонандагон  бо чунин суханон муроҷиат намудааст: «Ҳар санги ин сарзамин бо забони ҳол ба Шумо, хонандагони азиз аз гузаштаи ин диёр хабар медиҳад ва ҳикоя мегўяд».

 


Страница 27 из 32
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj