• Таджикский
  • Руский
  • Английский


Исследование
There are no translations available.

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ ДАР ДУ (ЯКЧАНД) ҶОЙ КОРКУНАНДА ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Масъалаи танзими меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, то ҳол масъалаи муҳимми соҳаи ҳуқуқи меҳнат арзёбӣ мешавад.  Хусусияти асосии вазъи ҳуқуқии корманди дар ду (якчанд) ҷой коркунанда дар он аст, ки ӯ ҳадди ақал бо ду (якчанд) корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор мегирад ва он имкон медиҳад, ки корманд бо истифода аз ҳуқуқҳои меҳнатии худ, баҳри баланд бардоштани таъминоти моддии худ сайъ намояд. Аммо масъалаи мазкур номутобиқатиҳои зиёдеро низ дар пай дорад.

Тавре аз мафҳуми дар сархати 20 моддаи 1-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардида бармеояд, «дар ду (якчанд) ҷой кор кардан - тибқи шартномаи меҳнатӣ аз тарафи корманд дар баробари кори асосӣ ва ё берун аз он иҷро намудани кори дигар ё ишғол намудани дигар вазифаи доимии музднок» мебошад.

 

 
Исследование
There are no translations available.

НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ВОРУХ

(Дар тақвияти мақолаи таҳлилгари  масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо зери унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?»)

Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муносибат бо давлатҳои дигар ҷонибдори дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ буда, аз ҳамин мавқеъ сиёсати хориҷии худро пиёда менамояд. Дар муносибат бо давлатҳои ҳаммарз низ, чунин шева маҳаки асосии фаъолияти давлатдории тоҷиконро ташкил мекунад. Тавре, ки худи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Мо минбаъд низ ба анъанаҳои деринаву созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ содиқ мемонем. Ба ин мақсад дар муносибатҳоямон бо кишварҳои ҳаммарз ба пешбурди сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар, истифодаи воситаҳои дипломативу сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика, афзалияти комил хоҳем дод». (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ, 23 апрели соли 2014).

 
Исследование
There are no translations available.

НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ БОСУБОТИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН

Иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ барои рушди босуботи соҳаҳои афзалиятнок дар солҳои соҳибистиқлолӣ метавон аз ҷумлаи беҳтарин иқдомҳо арзёбӣ намуд, ки самараи хуб дода, баҳри таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар фазои мусоид фароҳам оварданд.

Аз давраҳои нахустини  соҳибстиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  низоми иқтисодиёти миллӣ тавассути аз низоми банақшагирии мутамаркази давлатӣ ба иқтисоди бозоргонӣ гузаронидани соҳаҳои иҷтимоию  иқтисодӣ як қатор корҳои муҳим ба  анҷом расиданд. Дар ибтидо  барои гузаронидани ислоҳот як қатор қонунҳо ва  санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба  муносибатҳои иқтисодӣ қабул карда шуданд, зеро танзими  ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ дар навбати аввал қарор дорад.

 
Исследование
There are no translations available.

ОЗМУНУ ОЛИМПИАДАҲО ВА РУШДИ ТАФАККУРУ МАЪРИФАТИ ДОНИШҶӮЁН

Дарёфти истеъдодҳои нав, такмил ва тавсеаи дониши тахассусии донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ҳамеша кӯшишу заҳмат ва талошу таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд. Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ин замина вобаста ба ҷалби ҷавонон ба илмомӯзиву корҳои илмӣ-методӣ ва баланд бардоштани донишҳои тахассусӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон ба ташкилу баргузории маҳфилҳои фаннӣ дар факултету кафедраҳо аҳамияти хос медиҳад.
Мақсади асосии фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ ин ҷалби донишҷӯёни болаёқат ва майлдошта ба корҳои илмӣ-методӣ, ихтироъкорию навоварӣ мебошад. Аз худ намудани усулҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва навовариву эҷодкорӣ, тайёр намудани маърузаҳо, навиштани мақолаҳо, муаррифиномаҳо, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ ҳосилу натиҷаи чунин маҳфилҳо дониста мешаванд. Раёсати Донишгоҳ бо мақсади ҷоннок намудани кори маҳфилҳои илмӣ-методӣ дар факултетҳо раёсати илм ва инноватсияро вазифадор намуд, ки фаъолияти маҳфилҳои фаннии донишҷӯёнро мавриди назорати ҳамешагӣ ва санҷишҳои пайдарпай қарор дода, аз натиҷаи он ба унвонии ректори Донишгоҳ гузориши хаттӣ ирсол намоянд.

 
Исследование
There are no translations available.

ҲИФЗИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

(дар партави суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Солҳои ахир дар матбуоти даврӣ, барномаҳои телевизион ва радио, маҷлису маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ, тадқиқоту мубоҳисаҳои илмӣ, умуман анқариб дар тамоми соҳаҳои фаъолияти мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои «худшиносӣ», «худшиносии миллӣ», «ҳувият», «ҳувияти миллӣ», «худогоҳӣ», «бедорӣ», «зиракии сиёсӣ» ва ғайраҳо бештар садо медиҳанд. Бархе аз ин мафҳумҳо ҳарчанд таърихи тӯлонӣ доранд, вале дар ҷомеаи мо асосан якҷоя бо истиқлоли давлатӣ ворид гардида, аз ҷумлаи рукнҳои асосии давлатдории навини мо мебошанд. Дар асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мафҳумҳои зикргардида серистеъмол ва вожаҳои калидӣ маҳсуб гардида, дар мулоқоту суханрониҳои пайвастаи роҳбари давлат мунтазам таъкид, такрор ва ба гӯшу ҳӯши мардум расонида мешаванд.

Шояд ба шунавандаи оддӣ ва хонандаи асарҳои роҳбари давлат аҷиб намояд ва саволе пайдо шавад, ки чаро чунин мафҳумҳо инқадар аз забони роҳбари давлат садо медиҳанд ва чи аҳамият дошта бошанд? Бояд таъкид кард, ки ин гуна мафҳумҳо дар заминаи холӣ ва бесабаб пайдо нагардидаанд, балки таърихи муайяни ташаккулу такомули худро доранд. Хусусан, дар ҷомеаи муосир, бидуни «худшиносии миллӣ» ё «ҳувияти миллӣ» давлатдорӣ кардан имконнопазир аст. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки навъҳои гуногуни давлатдорӣ аз замонҳои хеле қадим дар шаклҳои мухталифи худшиносӣ амал менамуданд.

 


Страница 15 из 32
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj