• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Пажуҳиш

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА

АФЗАЛИЯТИ МЕЪЁРҲОИ ОН БАР САНАДҲОИ

ҲУҚУҚИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 тасдиқ шудааст, омадааст, ки 9 сентябри соли 1991 халки тоҷик соҳ иби давлати комилан мустақил гардид. Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳ урии соҳ ибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии кишвар бо роҳ и раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони кишварҳои Осиёву Аврупо ва Амрико баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Ҳамин тавр, Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд – таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2019.

 

 
Пажуҳиш

THE SIGNIFICANT RESULTS FROM THE PERIOD OF INDEPENDENCE

After gaining independence, the Republic of Tajikistan has entered a new stage of historical development - the establishment of a sovereign, democratic, law-based, secular, unified and social state. In order to strengthen national unity and complete peace and stability in the country, it mobilizes all spheres of state and public life. Independence is the highest and most valuable achievement of the Tajik crown state and nation, which happened 31 years ago, the most important historical event in the fate of the Tajik nation. This joyful event took place at the beginning of September 1991, and September 9 was officially recognized as the State Independence Day of the Republic of Tajikistan. From that time until today, this auspicious date is considered a holy holiday for the Tajik nation. Independence brought this great gift, light and intelligence, love and loyalty, prosperity and freedom, harmony and coexistence, and peace and eternity to the great Tajik people and dear Tajikistan.

 
Пажуҳиш

ОМОДАГӢ БА ТАҶРИБАИ ПЕДАГОГӢ– МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ НАМУДАНИ ДОНИШ, МАҲОРАТ ВА МАЛАКАИ КАСБИИ ДОНИШҶЎЁНИ ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ
Таҷрибаи педагогӣ дар раванди ташаккули шахсияти омўзгори оянда мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Оид ба њалли ин проблема, ҳам аз назари педагогию психологӣ ва ҳам аз назари методӣ дар як қатор асарҳои муҳаққиқони соҳа (Ф. Н. Гончаров, Э. А. Гришина, Н. В. Кузмина, М. Нугмонов , В.А. Сластёнин, Л.Ф. Спирина, А.И. Щербаков ва дигарон) фикрҳои ҷолиби таваҷҷӯҳ баён шудаанд. Инчунин, дар ин ҷода як қатор тадқиқотҳо ба анҷом расонида шудаанд, ки роҳҳои гуногуни ташкил ва гузаронидани таҷрибаи педагогиро кушода медиҳанд .
Консепсияи муосири таҷрибаи педагогӣ дар донишгоҳи омӯзгорӣ - ин пайвандгари маводи назариявии таълим, ки донишҷӯ дар донишгоҳ азбар мекунад ва фаъолияти мустақили педагогии ояндаи ӯ ҳамчун муаллим мебошад. Чун шакли амалияи таълим, таҷрибаи педагогӣ ба сифати манбаи зарурии амалигардонии таъмини мустақили таҳсилоти донишҷӯён, дарки моҳияти ҳаётии он барои беҳдошти раванди таълиму тарбия дар мактабҳои равияҳои гуногун ва тайёрии шахсии муаллими оянда ба он мебошад.
 
Пажуҳиш

Мақоми тарбиявии осори Садриддин Айнӣ
Инқилоби Октябр ҳамчун воқеаи бузурги таърихи башарият дар ибтидои асри 20 натанҳо ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии мамлакати паҳновари моро дигар кард, балки барои ташаккулу инкишофи адабиёту санъат, танқиди адабию илмӣ ва дигар соҳаҳои адабиётшиносӣ тамоми шароитро фароҳам овард. Садриддин Айнӣ, ки Инқилоби Октябрро хуш пазируфта буд, хеле барвақттар аз ин инқилоб, дар баробари пайдо шудани мактабҳои ҷадидӣ, русию маҳаллӣ, туркӣ, баъд аз мушоҳидаи вазъи душвори толибилмон бо амри дил ва масъулиятшиносии комил ба навиштани асарҳои насрӣ пардохта буд. Ӯ оғози ба насрнависӣ рӯ оварданашро чунин шарҳ медиҳад: “Баробари пайдо шудани мактабҳои туркӣ дар Бухоро мушоҳида кардам, ки кӯдакон на забони туркиро хуб медонанду на забони тоториро ва бинобар ин дар мактаб хоҳиш намудам, ки агар шумо розӣ бошед, ман бе маош китобҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, масъулияти тарҷумониро ба уҳда гирам. Ҳамин тавр, баъди ду се китобро тарҷума кардан, дар ман ҳам ҳаваси навиштани китоби дарсӣ пайдо шуд ва китоби “Таҳзиб – ус – сибиён” – ро навиштам”. Манбаи дигари илҳоми С. Айнӣ барои асарҳои насрии бачагона маърӯзаи Л.М. Горкий дар съезди 1-уми нависандагони СССР буд, ки ӯ гуфта буд: “Биёед, барои бачаҳо аз рӯзгори худамон менависем”.
 
Пажуҳиш

НАҚШИ МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ АЗХУДКУНИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ВА САМАРАНОКИИ ОН ДАР СИСТЕМАИ ТАҲСИЛОТ

Далели маъмул, ки самаранокии ҷараёни таълим тавассути методикаи таълим муайян карда мешавад, оммафаҳм гаштааст. Истифодаи васеъи усулҳои ягона ва майли пурра ба назорати хаттии азхудкунии фанҳои таълимӣ аз ҷониби донишҷӯён нақши омўзгорро дар раванди бевоситаи таълим коҳиш дода истодааст. Зимнан, сатҳи омодагӣ ва самаранокии таълим бевосита ба ҳамкории пайванди омӯзгору шогирд вобаста аст.

Мафҳуми “методика” сарчашмаи юнонӣ дошта, ҳамчун роҳ, усули тадқиқот, назария тарҷума карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, методика ба маънои пурраи худ, як соҳаи илми педагогика буда, қонуниятҳои тадқиқотии таълими ин ё он фанни алоҳидаро меомўзад.

 


Страница 25 из 32
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj