• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Пажуҳиш

ТАҲЛИЛИ АРЗИШҲО ВА МЕЪЁРҲОИ ХОНАВОДАИ МУВАФФАҚ

Никоҳ ҷавҳари аслии хонаводаро ташкил дода, оилаи солим хонаводаи солимро шакл медиҳад ва дар ин баробар хонаводаҳои дурусттарбия  ҷомеаи солимро месозанд. Никоҳ муҳимтарин интихоб дар зиндагии ҳар як шахс мебошад ва он интихобест, ки роҳи ояндаи моро таъйин мекунад. Барои ин ки дар интихоб иштибоҳ  надошта бошем, чӣ бояд кунем? Аслан, чӣ тавр бифаҳмем, ки беҳтарин интихоб кадом аст?

Посух ба ин пурсишҳо дар вуҷуди худи мо нуҳуфтааст. Яъне, мо бояд бидонем, ки  дар шурӯи як зиндагии муваффақ бо касе, ки ӯро хуб намешиносем, аз ахлоқу одобаш огоҳ нестем, омода ҳастем ё на? Асосан, ҳадафи мо барои як зиндагии муваффақ дар чист? Оё мо тавоноии иҷрои масъулиятҳои хонаводагиро дорем? Оё мо метавонем дар ҳар вазъияти зиндагӣ,  дар ҳар шакли рафтору муносибат якдигарро қабул намоем? Оё мо дар ҳар вазъияти хонаводагӣ бо ҳам ҳамфикр шуда метавонем? Бинобар ин, барои шурӯи як зиндагии муваффақ бояд бидонем, ки ҳар чӣ қадар шиносоии пеш аз никоҳро дошта бошем, кофӣ нест. Чеҳраи воқеии ҳамсари мо дарҳол ифшо намешавад.

 
Пажуҳиш

РОҲҲОИ ИНКИШОФИ ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ

Худшиносии миллӣ аз худшиносии шахсии афроди алоҳида шурӯъ гардида, дуввумӣ дар шаклгирии худшиносии миллӣ саҳми азим дорад. Ва ниҳоятан худшиносии миллӣ ва худшиносии афроди алоҳида ҳар яке такомулбахшандаи дигаре мегардад, яъне «худшиносии шахси алоҳида ва худшиносии ҷомеа сахт вобатаи якдигар аст».[1]

Худшиносии фардӣ-шахсии инсонҳо дар натиҷаи таъсири мутақобила бо муҳити атроф, яъне табиат, ҷомеа ва одамон ба вуқӯъ мепайвандад. Дар раванди худшиносии шахсӣ инсон роҷеъ ба худии худ, ба тавонмандиҳо, имкониятҳо ва ҳамчунин маҳдудиятҳои худ ва ба ҷойгоҳи иҷтимоияш донишу маълумот касб мекунад. Яъне сарманшаъ ва сарчашмаи худшиносии фардӣ-шахсӣ комилан аз ақл, шуур ва зеҳн вобаста аст. Албатта бояд диққат кард, ки «шинохти худ пояи устувори илмиву назарӣ ва амаливу ҳаётӣ дошта бошад, то ки аз аввал то ҳадди имкон ба сӯи дарки ҳақиқиву воқеъӣ роҳ пеш гирад, зеро худшиносии нодуруст, номукаммал, яктарафа, рӯякӣ ва ғайра ҷамъиятро аз шоҳроҳи камоли маънавӣ ба канор мебарорад ва мумкин аст, ки ба кӯчаю паскӯчаҳои сарбаста дарорад».[2]

 
Пажуҳиш

АДИБИ ИНСОНГАРО ВА ОДАМШИНОС

Дар таърихи адабиёт кам адибоне ҳастанд, ки пайваста як ҳадафи мушаххаси эҷодиро пайгирӣ карда бошанд. Бисёр иттифоқ меафтад, ки адибон бо таъсири низомҳои сиёсӣ, табдили мафкура ва арзишҳои иҷтимоӣ аҳдофи адабию эҷодии худро тағйир медиҳанд, худро ба сиёсати замон мувофиқ месозанд. Аммо адибону суханварони асилу воқеӣ, ки аҳдофашон, андешаи адабию эҷодиашон поя бар воқеияти зиндагӣ ва ҳақиқати фалсафаи ҳаёт устувор аст, дар халлоқияти адабию ҳунарӣ мавқеи устувори худро тағйир намедиҳанд. Устод Сорбон аз зумраи ана ҳаин гуна нависандагоне ҳастанд, ки ҳам дар зиндагии иҷтимоӣ ва ҳам дар фаъолиятҳои адабӣ аз мавқеи ғоявии худ берун нарафтанд ва нахоҳанд рафт. Агар мо роҳи тайнамудаи эшонро дар адабиёти муосири тоҷик пеши назар орем, бори дигар ба ин ҳақиқати бебаҳс мутақоид мешавем. Чунки рисолати эшон дар ҷодаи эҷод ва адабиёт тарғиби одаму одамгари ва ба таври кулӣ инсонгароӣ мебошад. Ба ҳамин хотир, устод Сорбон аз нахустин ҳикояҳо ва қиссаҳояшон ба таҳқиқи бадеии инсон бо ҳама расоию норасоиҳояш пардохтанд, ки онро имрӯз донишмандон дар илм антропосентризм ё инсонмеҳварӣ унвон карданд. Ба қавли мунаққид К.Шукруллоҳи «Сорбон шояд аз ба нудрат қаламкашонест, ки назари иҷтимоияш дар ҳамаи навиштаҳояш ошкор аст, зеро ӯ ягон вақт, ҳатто дар давраҳои фишори сахти мафкуравӣ кӯшиш менамуд, ки хости дилашро баён кунад, инсонро чи гунае ки дар зиндагӣ ҳаст, дар адабиёт тасвир намояд».

 

 
Пажуҳиш

ТАҲЛИЛИ ВАЗИФАҲОИ МАКОНИИ ЧАНДЕ АЗ ПЕШОЯНДҲОИ СЕРМАҲСУЛИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Забони англисӣ ба монанди забони тоҷикӣ аз пешояндҳо хеле бой буда, таҳлили муфассали онҳо мавзуи баҳси мо нахоҳад буд. Дар ин мақола танҳо ба омӯзиши якчандтои онҳо: in, on ва at таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Ин пешояндҳои мазкури забони англисӣ доираи васеи истифода дошта, тарҷумаи луғавии онҳо дар забони тоҷикӣ бо як калимаи дар ифода мешаванд ва шояд аз ҳамин сабаб хело содда ва одддӣ ба назар расанд. Аммо ин фақат дар зинаҳои аввали омӯзиш буда метавонад. Шинохту донистани ҷою мавриди истифодаи онҳо ба омӯзандагони ин забон махсусан дар давраҳои миёнагӣ (pre – intermediate, intermediate) мушкилӣ эъҷод мекунад. Чун ки дар давраҳои ибтидоии омӯзиши забони англисӣ хонандагон пешояндҳоро дар шакли хело содда шинос мешаванд. Дар мисоли: in the morning – дар саҳар, in the house – дар хона, in town – дар шаҳр, in the middle – дар мобайни, on Monday – дар рӯзи якшанбе, on the first of... – дар рӯзи якуми..., on a bus – дар автобус, at home – дар хона, at work – дар кор ва ғайра ки онҳоро пурра ва алоҳида дар ин зинаҳо омӯзондан ғайри имкон аст.

 
Пажуҳиш

НЕКОТОРЫЕ СЛОВООБРАЗОВАТЕЛЬНЫЕ ОСОБЕННОСТИ КОМПЬЮТЕРНОЙ ТЕРМИНОЛОГИИ В ТАДЖИКСКОМ И АНГЛИЙСКОМ ЯЗЫКАХ

Проблема отношений словообразовательной производности считается одной из важнейших в словообразовании как разделе науки о языке. Вопрос о способах словообразования является одним из главных при словообразовательном анализе компьютерной терминологии в таджикском и английском языках.

Связь словообразования с лексикологией проявляется и в том, что в языкознании слова изучаются с учетом их лек­сического значения. Без обращения к лексической семантике невоз­можен словообразовательный анализ, так, как только с помощью лексической семантики можно определить отношения словообразо­вательной производности между словами, выделить производную основу, а значит, и определить словообразовательное средство, спо­соб словообразования, словообразовательную модель.

 


Страница 13 из 32
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj