• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Пажуҳиш

ШУКУҲИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГИИ УСТОД АЙНӢ

Проблемаи инсон ва замон, шахс ва таърих, иртиботи мутақобилаи онҳо аз ҷумлаи масоили бунёдии баҳсҳои фалсафӣ ва умуман илмҳои ҷомеашиносии муосир маҳсуб меёбад. Ин баҳсҳо махсусан баъди Инқилоби бузурги Фаронса ва суръат гирифтани ҳаракатҳои инқилобию озодихоҳӣ дар кишварҳои Шарқу Ғарб хеле авҷ гирифт. Консепсияи марксистии шахс ва таърих, нақши шахсият дар идоракунии равандҳои таърихию иҷтимоӣ ва сиёсӣ натиҷа ва яке аз бардоштҳои илмии мубоҳисаҳои зикргардида мебошад. Ҷомеашиносон  ба иллати  ба буҳрони илмию пажӯҳишӣ дучор гардидани таълимоти марксистӣ дар баробари консепсияҳои дигари иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии он аз консепсияи номбурда ва онро ҳамчун андешаи илмии куҳнашуда аз доираи баҳсҳои илмию фалсафӣ берун карданд. Масъалаи воқеияти илмӣ доштани консепсияҳои илми номбурда мавзӯи баҳсҳои фалсафа ва ҷомеашиносӣ мебошад. Инҷо мехоҳем таваҷҷуҳи аҳли назарро ба як андешаи ҷолиби файласуфи бузурги олмонӣ Гегел дар мавриди нуфузи адабиёт ва ҳунар дар марҳилаи гардишҳои иҷтимоию сиёсии нимаи дуюми асри  XIX ва ибтидои асри XX ҷалб намоем. Файласуфи олмонӣ равандҳо ва рақобатҳои фалсафа ва адабиёту ҳунарро дар замони худ ба мушоҳида гирифта, тадриҷан ҷойгузини тафаккури фалсафӣ гардидани тафаккури бадеию ҳунариро дар давраҳои баъдӣ равшан пешгӯӣ намуда буд. Ин падида аслан аз равандҳои сиёсию инқилобии давраи зиндагии файласуфи олмонӣ сарчашма мегирад.

Дар кишварҳои Шарқ ҳам равандҳои бедории сиёсӣ ба равандҳои бедории адабию ҳунарӣ бетаъсир набуд. Ҳаракатҳои сиёсию инқилобие, ки дар Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Туркия ва кишварҳои дигар ба амал меомад, пеш аз ҳама аз тарафи адибону ҳунармандони бузургу бохирад ва ҳушёру бедордил истиқбол мешуд.

 
Пажуҳиш

ЗАРУРИЯТИ ТАРТИБ ДОДАНИ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН

Боигарии асосии табиати ҳар як мамлакат ин гуногунии наботот, ҳайвонот ва дигар организмҳои зинда дар дохили як намуд, байни намудҳо ва гуногунии экосистемаҳо мебошад. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои гуногуни илмӣ табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бой ва рангин буда, дар таркиби фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4 500 намуди растаниҳои гулдор муайян карда шудааст. 80% гуногунии биологии кишвар дар экосистемаҳои кӯҳии мамлакат маскун гирифта, ҳаёт ва рӯзгори беш аз 70% аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи боигариҳои табиӣ вобастагӣ дорад.

Солҳои охир вобаста ба зиёдшавии таъсири антропогенӣ ба табиат ва экосистемаҳои он намудҳои зиёди растаниҳо ва ҳайвонот дар зери хатари нестшавӣ қарор доранд. Маҳз дар ҳамин давра чораҳои зарурии аз маҳвшавӣ нигоҳ доштани намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди нестшавӣ қарордоштаи наботот ва ҳайвонот аҳамияти хоса пайдо намудааст. Бинобарин, муҳофизат ва истифодаи оқилонаи захираҳои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некӯаҳволии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

 
Пажуҳиш

БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ТАВАССУТИ ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ОМӮЗИШИ ҲАМФАЪОЛ

Мусаллам аст, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳар давру замон яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Дар  шароити  муосир вазифаи муаллим ба куллӣ  тағйир меёбад. Дар шароити имконоти беканори дастрасӣ ба ҳама гуна иттилоот муаллим бояд натанҳо дониши худро ба хонандагон интиқол  диҳад, балки пеш аз хама, тарзҳои истифода аз иттилоъро низ таълим  диҳад. Ин аз муаллим мусаллаҳ буданро бо методикаи нави таълим, назарияҳои муосири  равоншиносии  маърифатӣ, стратегияхои умумифаннӣ ва технологияҳои омӯзиш талаб мекунад. Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар Донишгоҳ ассистентону омӯзгорони ҷавон зиёданд ва на ҳамаи онҳо бо малакаву маҳорати касбӣ мусаллаҳанд. Аз ин рӯ, эшон муваззаф ҳастанд, ки пайваста худомӯзӣ намуда, сатҳи малакаву маҳорати касбии хешро баланд бардоранд. Дар ин баробар ташкил кардани семинарҳои илмиву методӣ бо омӯзгорони ҷавон ба болоравии сифати таълим заминаи мусоид фароҳам меорад.

 
Пажуҳиш

ОБ ВАСИЛАИ ҲАСТИИ ИНСОНУ ТАБИАТ

Набояд фаромӯш кард, ки дар замонҳои қадим гузаштагони мо рӯдҳоро посбонӣ мекарданд  ва нисбат ба об эҳтироми хосса доштанд. Об манбаи ҳаёт аст ва бидуни он ҳеҷ махлуқ зиста наметавонад. Аз ин рӯ, Саноии Ғазнавӣ дар шинохти арзиши об чунин фармудааст:

Оби ноёфта гарон бошад,

Чун биёбанд, ройгон бошад.

 
Пажуҳиш

КӮШИШИ КОМЁБ ДАР ТАСҲЕҲИ “ДЕВОН”-И ШАЙХ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

( Шайх Камоли Хуҷандӣ.Девон. Муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқоти Фахриддин Насриддинов.-Хуҷанд: Ношир, 2020,-1432 сафҳа, дар ду ҷилд)

Аз шоирони мовароуннаҳрии аҳди классикӣ баъд аз устод Рӯдакӣ Шайх Камоли Хуҷандист, ки беш аз дигарон шуҳраташ дар тамоми қаламрави забони форсӣ партав афкандаву сеҳри суханаш мақбули хосу ом гашта ва шоирони зиёде ба истиқболи шеъри ӯ ғазал сурудаанд. Ва нусхаҳои девонаш низ беш аз дигар суханварони мовароуннаҳрӣ дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфуз аст, ки далолат бар иродатмандию пайвастагии мухлисонаш ба шеъри ин шоири орифи баландовоза дорад. Шайх Камоли Хуҷандӣ на танҳо дар ҷомеаи мо-тоҷикон, балки дар саросари қаламрави забони форсӣ ва ҳатто берун аз он маҳбубияти хосса дорад. Як назар ба феҳристи китобхонаҳои ҷаҳон кофист, ки ин нукта равшан гардад. Ва, дарвоқеъ, «Камоли Хуҷандӣ бузургмардест, ки ҳафтсад сол инҷониб миллати моро бар ҷаҳон муаррифӣ мекунад ва дарозои ҳафт қарн аст, ки барои ин миллат ифтихор меофарад» ва месазад, ки «девони ӯро на як маҷмӯаи сурудаҳо, балки порае аз пайкари маънавии миллат донист» [11,5] .

 


Страница 14 из 32
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj