• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Пажуҳиш

ПАРЧАМ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МОСТ

Парчам, дирафш, ливо ё байрақ калимаҳое мебошад, ки барои ҳар яки мо муқаддасанд. Чунки парчам рамз ва шинохти як миллат аст. Миллат ва давлатро маҳс бо парчамаш мешиносанд. Аз ин рӯз дар кишвари офтобии мо рӯзи парчамро ҳамасола ҷашм мегиранд.

Пайдоиши парчам таърихи қадима дошта, дар давраҳои пеш аз мелод, дар китоби «Авасто» оид ба парчамдорӣ нуқтаҳои махсус зикр шудааст. Доир ба масъалаи мазкур шоири бузурги форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар достони «Коваи оҳангар»-и худ парчамро хело зебо ва фаҳмо тасвир намудааст. Қаҳрамони достон Коваи оҳангар аз бераҳмона кушта шудани ҷавонони бегуноҳ, ки дар миёни онҳо фарзанди худаш низ буд, ба шӯр омада, пешбанди чармини худро дар шакли парчам сари найза барафрохта, бар зидди шоҳи хунхор ва бераҳми замони худ Заҳҳок бармехезад . Шурӯъ аз он рӯз ба  баъд парчами Кова “Дирафши Ковиён” ном гирифта, барои озодӣ аз зулму истибдод истифода бурда мешуд:

 
Пажуҳиш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ОН

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон Истиқлолиятро ба осонӣ ба даст овард, вале дар ҳифзи он мушкилиҳо пешомаданд. Дар ин давра дар кишвар сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида, бесару сомонӣ, гирдиҳамоиҳои беохири ғайриқонунӣ, ғоратгарӣ куштор, гаравгонгирӣ, лату куби одамони бегуноҳ, ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҳолати тарсу ваҳм яъсу ноумедӣ, нобоварӣ ба давлату ҳукумати ҳамонвақта, хатари аз байн рафтани якпорчагии ҷумҳуриамонро ба миён овард.

Қонуншиканӣ аз ибтидои марҳилаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон то ҳадде расид, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз даҳшатноктарин воситаҳо: зуроварӣ, таҳдид, террор ва куштор як зумра ходимони сиёсию давлатӣ, далели беҳокимиятӣ, афзоиши ҷиноятҳои вазнин ба ҷомеа, давлат таҳдиди руйрост намудани олами ҷиноӣ буд, Тоҷикистон ба буҳрони ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд.

 
Пажуҳиш

ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011, дар яке аз суханрониҳои хеш ба муносибати рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд намудаанд: «Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафтааст. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст».

Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми эронинажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад.

 
Пажуҳиш

ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН: ТАЪРИХ, МОҲИЯТ ВА МАЪНИИ РАНГҲО

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  — рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шуда, ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 254 аз 12 май 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Бар асоси Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

 
Пажуҳиш

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ, ДАР БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДИИ ШАҲРВАНДОН

Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд. Мардуми мо, мутаассифона, ҳанӯз аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо бехабар буда, аксарияти онҳо ҳангоми иҷрои расму оинҳои диниву миллӣ, масалан, маросимҳои марбут ба эҳтироми арвоҳи гузаштагон, хатнасур, ҷашни хонадоршавӣ ва монанди инҳо ба сарфи маблағҳои ҳангуфт роҳ медиҳанд.

Чунин ҳолатҳо, алалхусус то замони қабул шудани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» (8-уми июни соли 2007 ва тағйирот ба он дар моҳи июни соли 2008), хеле зиёд ба назар мерасиданд ва ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии оммаи васеи мардум таъсири манфӣ ворид мекарданд. Аз ин лиҳоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур омад, то барои ҳалли ин масъала чораҳои зарурӣ андешад.

 


Страница 18 из 32
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj