Раҳоии ҷинояткорро маҳкум менамоем!
Мирзораҳим Кузов, узви Раёсати Олӣ ва узви Шӯрои иҷроияи собиқ ҲНИТ бо дархости ИНТЕРПОЛ тавассути мақомотҳои дахлдори юнонӣ 10 октябри соли 2017, соати 22:00 боздошт шуда, баъди 51 рӯз аз ҷониби додгоҳи Олии Юнон озод карда шуд. Аз нигоҳи сиёсӣ, ин амал аз тарафи ҳукумати Юнон «духурагӣ»-и сиёсиро мемонад, аксаран онҳо даъво доранд, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ба муқобили терроризм ва экстремизм муборизаи беамон мебаранд, аммо дар асл амалҳояшон тамоман дигар аст. Аксари давлатҳои Иттиҳоди Аврупо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ин намуди сиёсат зиёд истифода мебаранд. Аз ин рӯ, бо мақсади дастгирии сулҳ ва амнияти байналхалқӣ, инчунин, мустаҳкам кардани равобити дипломатии байни кишварҳо мебоист, масъалаи озод намудани шаҳрвандони дар ҷустуҷӯ қарордоштаи Тоҷикистон сараввал байни мақомотҳои дахлдори ҳуқумати Юнон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл гардида, баъдан хулосабардорӣ карда мешуд. Кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |