There are no translations available. Ҳисоботи
мудири кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ Дар кафедраи мазкур як қатор корҳо ва чорабиниҳо гузаронида шуд аз санаи 06.12.2017 то 12.12.2017: 1. Қабули корҳи курсӣ дар кафедра идома дарад. Якчанд корҳои курсии донишҷӯён қабул карда шуданд ва устодони кафедра бо донишҷӯён коркарда истадаанд; 2. Тестҳои фосилаи 2 тибқи супориши Раёсати Донишгоҳ, бо истифода аз шакли нави тестҳои пешбинишуда тастиқ карда шуд. Ба омузгорони кафедра супориш дода шуд, ки тестҳои имтиҳони нимсолаи аввали соли хониши 2017-2018 худро то ҳафта оянда бо истифода аз шакли нави тестҳои пешбинишуда омода намоянд; 3. Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда дар кафедра ба дарси ҳамдигардароии муаллими калон Рузиев У.Ш., гузаронида шуд. Дар дарс як чанд омӯзгорон иштирок доштанд: мудири кафедра н.и.и., дотсент Азизов Ш.С., ассистентон: Нуров А.Г. ва Амаков И.Б.;
Дар кафедраи мазкур як қатор корҳо ва чорабиниҳо дар ҳафтаи равон ба нақша гирифта шудааст: аз 13.12.2017 то 19.12.2017: 1. Идомаи қабули корҳои курсии донишҷӯёни курси 3-уми факултети География ихтисоси географияи иқтисодӣ; 2. Пешниҳод ва тасдиқи тестҳои имтиҳони нимсолаи аввали соли хониши 2017-2018; 3. Иштироки омӯзгорони кафедра ба дарсҳои ҳамдигардароии мувофиқи нақшаи пешбинишуда; 4. Ҳамарӯза гузаронидани дарсҳои олимпиада дар кафедра аз ҷониби роҳбари олимпиада Гадоев Д.Р., аз соати 1300-1500; 5. Хулосаи роҳбарони корҳои курсии донишҷӯёни курси 3-уми факултети География ихтисоси географияи иқтисодӣ оиди натиҷаи қабули корҳои курсӣ; Мудири кафедра: Рузиев У.Ш.
|