Шаби эҷодии Садриддин Айнӣ
Дар чорабини ду маърӯза: «Ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣ» - омӯзгори калони кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳон Субҳонкулова С.А., ва «Тарҷумаи асарҳои Садриддин Айнӣ» - мудири кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳон Валиев Н.У. ироа карда шуданд. Инчунин намоиш ва муаррифии асарҳои Садриддин Айнӣ, газетаи деворӣ, қироати шеърҳо бо се забон – тоҷики, руси, узбекӣ шунида шуд. Дар оҳир донишҷӯён саҳнача аз асари устод Садриддин Айнӣ «Марги судхур» намоиш доданд. |