• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

НАМОИШИ КИТОБ БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР

 

Рӯзи 8-уми сентябр бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ намоиши китоб баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва китобу дастурҳои тозанашри устодону олимони донишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуд. Устодону муҳассилини донишгоҳ бо табъи болида ва шукру қаноатмандӣ аз ваҳдату шукуфоии кишвари соҳибистиқлол аз намоишгоҳ боздид ба амал оварда, таассуроти нек бардоштанд. Қобили зикр аст, ки намоиши китоб ва дастовардҳои илмиву

таълимӣ дар донишгоҳ солҳои ахир ба ҳукми анъана даромада, мунтазам баргузор карда мешавад.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj