There are no translations available.
Аз 17-ум то 20-уми сентябри соли ҷорӣ дар донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Институти омӯзиши Осиёи Марказӣ (Фаронса) ҷамъомади навбатии Мактаби тобистонаи дастхатшиноси ҷавон баргузор гардид. Дар мактаб устодони шинохта ва дастхатшиносони маъруф аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фаронса, Русия ва Қазоқистон ширкат доштанд. Тӯли чор рӯз 35 нафар олимони ҷавон, докторантҳо, магистрҳо, донишҷӯёни курсҳои болоии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ДМТ доир ба мероси хаттии Осиёи Марказӣ, роҳ ва усулҳои омӯзиши дастхатҳо дарс омӯхтанд ва бо намудҳои гуногуни дастхатҳо ошноӣ пайдо карданд.
Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмина Гуедар зикр кард, ки ба дунёи дастхатҳо ворид шудан хушбахтии калон аст. Онҳо қимати беандоза доранд, зеро таърихи гузаштагонро ба мо шарҳ медиҳанд. Дастхатҳо чун одамон фоҷиаҳои зиёдро паси сар карданд, онҳоро хариданду фурӯхтанд, сӯхтанду нобуд карданд, бо вуҷуди ин, онҳо қимати хешро гум накардаанд. Директори Институти омӯзиши Осиёи Марказии Фаронса Катрин Пужол нигоҳ доштани санъат, фарҳанг ва дастхатҳоро бисёр муҳим арзёбӣ кард. Дар қисмати ҷамъбастии ҷамъомад китоби «Дастхатҳо сарчашма барои таҳқиқоти фарҳангӣ ва таърихӣ»-и Франсис Ришар, узви хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯнамоӣ шуд ва ба иштирокчиён сертификат тақдим гардид. И. Қосимов
|