There are no translations available. Таҷлили Рӯзи модар
Дар чорабинӣ намояндагон аз Маркази худшиносии бонувон, намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иштирок карданд ва иштирокчиёни ҷаласаро ба ин муносибат табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо бурдбориҳо орзӯ намуданд. Дар чорабинии идона хизматҳои як қатор собиқадорони донишгоҳ қадрдони карда шуда, бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ ба 441 нафар омӯзгорзанон ва 29 нафар собиқадорони бемор мукофотпулӣ дода шуд. Дар чорабинии идона аз ҷониби дастаи ҳунарии «Чеҳранамо»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, барномаи фараҳангӣ - фароғатӣ пешкаши меҳмонон ва иштирокчиён гардонида шуд. Бо ташаббуси Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе ба як қатор донишҷӯёни аъзои фаъоли дастаи «Чеҳранамо»-и донишгоҳтуҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулӣ қадр карда шуданд.отпулӣ қадр карда шуданд. Шуъбаи тарбияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|