Таҷлили ҷашни Ғалаба дар Коллеҷи омӯзгорӣ 7 майи соли равон бахшида ба 69-умин солгарди Ғалабаи лашкари Иттифоқи Шӯравӣ бар Германияи фашистӣ, 20-солагии қабул гардидани Сарқонун (Конститутсия)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ конференсияи илмӣ-амалии устодону донишҷӯёни кафедраи таърих ва ҷомеашиносии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова баргузор гардид. Муаллимаи ҷавон М.Абдуназарова дар мавзӯи «Саҳми ақибгоҳ дар ғалаба аз болои Германия» маърӯза карда, оид ба меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ ва ёрии бародаронаи ақибгоҳ маълумот дод. Устоди кафедра, номзади илмҳои таърих С.Ғуломшоев дар мавзӯи «Инкишофи илм ва маданияти халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» маърӯза намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки соли 1941 базаи тоҷикистонии Академияи фанҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба филиали тоҷикистонии Академияи фанҳо табдил дода, академик Е.Н.Павловский ба он роҳбарӣ менамуд. Нашри маҷмӯаҳо ва маҷаллаҳои илмии «Маърӯзаҳои Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон» ва «Ахбори шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон» ба роҳ монда шуданд. Соли 1941 дар Тоҷикистон 1 академик, 5 доктору профессор ва 22 нафар номзади илм фаъолият менамуданд, ки то соли 1945 боз 16 нафар унвони докторӣ ва 32 нафар рисолаи номзадиро бомуввафақият дифоъ намуданд.
|