There are no translations available. Рӯзи дарҳои кушод Дар санаи 14-уми марти соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ "Рӯзи дарҳои кушод" баргузор гардид. Субҳи барвақт дар саҳни донишгоҳ маҳсули заҳматҳои ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён зери нурҳои хуршеди тобон бо насими пуртаровати баҳорӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар намоишгоҳ лавҳаҳо ва нигораҳое, ки мутааллиқ ба тахассусҳои амалкунандаи таёркунии мутахассисон дар факултетҳои донишгоҳ аст, маърази тамошобинон гардонида шуда буданд. Ба намоишгоҳ гурӯҳ - гурӯҳ хатмкунандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ аз шаҳри Душанбе ва дигар минтақаю ноҳияҳои ҷумҳурӣ ворид гардида, нигораҳо ва лавҳаҳои намоишгоҳро аз назар мегузарониданд, ба онҳо шинос мешуданд ва аз ҳаёт ва фаъолияти динишгоҳ бархурдор мегардиданд. Бояд ёдовар шуд, ки дар ин намоишгоҳ меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар низ ҳузур доштанд. Нахустин шуда, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода вориди он гардида, бо ҳамроҳии аъзоёни раёсати донишгоҳ ҳузури меҳмонон ва хатмкунандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумиро, ки ба инҷо ташриф оварда буданд хайрамақдам гуфт. Баъдан меҳмонон ва хатмкунандагон аз натиҷаҳои ба дастовардаи факултетҳои донишгоҳ низ дидан карданд. Бояд гуфт, ки намоишгоҳи "Рӯзи дарҳои кушод" барои ҷалби довталабон ба донишгоҳ ташкил шуда буд. "Рӯзи дарҳои кушод" ва намоишгоҳи мазкур ба бештари меҳмонон ва хатмкунандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва ҳамаи онҳое, ки аз он дидан карданд, писанд омад, ки он ба интихоб намудани касби омӯзгорӣ ва донишҷӯи донишгоҳ гардидани хатмкунандагон мусоидат менамояд. Раёсати ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|