Намоиши порча аз Шекспир
14-уми майи соли равон дар Коллеҷи омӯзгорӣ бо ибтикори кафедраи забони англисӣ конференсияи илмӣ-амалии донишҷӯён бахшида ба 450-солагии Улям Шекспир барпо гардид. Устодону донишҷӯён оид ба рӯзгор ва осори Шекспир бо забони англисӣ маърӯзаҳо намуда, дар хотима порчаи намоишномае пешкаши ҳозирин гардид. Ҳамзамон, дар фарҷоми конфронс донишҷӯён бо забони англисӣ шеърҳо қироат намуданд.
|