There are no translations available. Таҷлили ҷашни Наврӯз
хунарманди халқии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоил, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Асламҷон Асоев, ситораҳои эстредаи тоҷик Баҳроми Саид ва Саёраи Зоир иштирок карданд. Ҷорабиниро ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиён ва меҳмононро ба муносибати Наврӯзи фархунда табрику таҳният гуфтанд. Сипас меҳмонон дар он суханронӣ намуда, устодон, кормандон ва дониҷӯёнро ба шарафи иди баналмиллалии «Навруз» табрик гуфтанд. Бояд қайд намуд, ки суханронҳои табрикотии меҳмонони арҷманд хело диққатҷалбкунанда буданд ва ба ҳозирин хело писанд омаданд. Қисми фарҳангии чорабинӣ, ки аз ҷониби дастаи ҳунарии «Чеҳранамо»-и донишгоҳ ташкил карда шуда буд, бо шумораҳои табрикотии ҳунармандони он ба ҷашнвора ҳусну таровати хоса бахшид. Ҳамчунин дар чорабинии наврӯзӣ як қатор устодон ва донишҷӯн бо мукофотпулӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Шуъбаи тарбияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|