There are no translations available. Омилҳои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар
Хотиррасон мекунем, ки ба хотири ба ҷавонон фаҳмондани моҳияти аслии кори гурӯҳҳои тундгаро, чанде қабл 45 гурӯҳи тарғиботӣ ташкил шуд ва онҳо дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд. Таасуби диниву мазҳабӣ, бегонапарастӣ ва кур-курона, гаравидан ба равияҳои номатлуб, бовар кардан ба хабарҳои муғризонаи расонаҳо боиси ноамнӣ дар ҷомеа хоҳад шуд. Ба ақидаи мо, барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар анҷоми чунин корҳо ба манфиат хоҳад буд: тарғиби ақидаҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз тариқи ВАО; фош намудани моҳияти аслии ғояҳои ҳизбҳои ифротӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ; тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ; фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар дохили мамлакат; ташкили гурӯҳҳои тарғиботӣ дар байни муҳоҷирони минтақаи Осиёи Марказӣ; роҳандозии ҳамкориҳои муштараки мақомоти қудратии минтақаи Осиёи Марказӣ дар амри пешгирии гаравиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ дар минтақа ва хориҷи он. Ба фикри мо, анҷоми чунин корҳо барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард. Решакан намудани ақидаҳои ифротӣ на танҳо барои сокинони Тоҷикистон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ вазифаи муҳимтарин аст, ки аз ҳамагон ҷаҳди ҷиддиро тақозо дорад.
Саидмуроди Хоҷазод, доктори илмҳои филология, профессор |