Маҳфил номи Лоиқро гирифт Бо ибтикори садорати факултаи филологияи тоҷик 23-юми май дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба солгарди шоири тавоно, шодравон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ бо номи «Дасти дуои модар» доир шуд. Маҳфилро ректор, академик А.Раҳмонов оғоз намуда, аз манзалати шеъри Лоиқ дар ҷомеаву миёни кишварҳои ҳамзабон, сабку услуби ғании ӯ ва ҷойгоҳаш дар адабиёти муосири мо сухан гуфт. Ӯ бо ёддоштҳои айёми ҷавонӣ, аз давраҳои таъсиргузор ба эҷодиёти шоир сухан гуфта, ёдрас шуд, ки дӯсту ёру диёр боис буд, ки шоир сухани тозае бигӯяд ва чун Хайёму Ҷомиву дигар шоирон мавзӯоти рангинро ҷаззоб тасвир созад. Ба андешаи А.Раҳмонов, даврони пургирудори ҷанги шаҳрвандӣ ба шоир таъсир гузошт то аз нигориш андаке канор гирад, вале ин канор рафтанҳо дер напоиду ӯро боз ба арсаи эҷод кашид. А.Раҳмонов пешниҳод кард, то маҳфили адибони ҷавон, ки дар назди факултаи филологии тоҷик амал мекунад, номи Лоиқро бигирад. |