Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа
Ректори донишгоҳ аз он қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Роҳбари давлат ҳунарҳои мардумии мо – тоҷикон дар бештари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон муаррифӣ гардида, пазируфта шудаанд. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия профессорон ва устодони донишгоҳ. аз ҷумла доктори илмҳои филологӣ, профессор Шамсиддин Солеҳов дар мавзӯи «Устод Садриддин Айнӣ: шахсият ва замон», доктори илмҳои географӣ, профессор Холназар Муҳаббатов дар мавзӯи «Имрӯзу фардои деҳоти Тоҷикистон», номзади илмҳои техникӣ Сафаралӣ Сияҳаков дар мавзӯи «Иқтидори сайёҳии рекретиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои асосии истифодабарии онҳо» ба сӯхан баромада, масоили муҳими илми муосир ва масъалаҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро мавриди муҳокимаи иштирокчиён қарор доданд. Ҷаласаи ифтитоҳӣ бо саволу ҷавоби иштирокчиёни конференсия ва пешниҳодҳои муфид оид ба масоили номбурда ба анҷом расид. Сипас, кори конференсия дар 15 бахш оғоз гардид, ки он то 19-уми апрели соли ҷорӣ идома меёбад. Раёсати илм ва инноватсияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|